Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти хушунатомез дар Истанбул идома кард


Тазоҳуроти олуда бо хушунат дар Истанбул, пойтахти Туркия рӯзи шанбе ҳам идома кард. Маъмурони пулис бо тазоҳургарони зиддиҳукуматие даргир шуданд, ки саъй доштанд, ба майдони марказии Тақсим ва маҳалли аслии тазоҳурот дар Истанбул бирасанд. Пулис барои пароканда кардани тазоҳургарон аз гази ашковар ва мошинҳои обпош истифода кард. Баъзе аз тазоҳургарон ба сӯи онҳо санг меандохтанд. Тазоҳурот дар майдони Тақсим рӯзи ҷумъа ба бенизомиву хушунат кашид, чун маъмурони пулис барои пароканда кардани ҳазорон тазоҳургар аз майдон аз гази ашковар ва мошинҳои обпош истифода кард. Ин тазоҳургарон алайҳи бунёди биноҳои нав дар парк ва дарахтзори маркази шаҳр эътироз доранд. Саркӯби тазоҳургарон дар Истанбул, сабаби хашми мардуми шаҳрҳои дигари Туркия ба мисли Измин ва Анкара шуд, ки дар онҷо ҳам садҳо нафар ба хиёбонҳо рехтанд. Ин мардум ҳамчунин мегӯянд, ки ҳукумати Раҷаб Тайиб Эрдӯғон ва Ҳизби Адолат ва Тавсиаи ӯ, ки решаҳои исломӣ дорад ба сӯи худкомагӣ ҳаракат мекунад.
XS
SM
MD
LG