Пайвандҳои дастрасӣ

ЮНИСЕФ ё Барномаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон эълом кард, ки 1 июн - Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдаконро ба масоили наврасони имконоташон маҳдуд ихтисос додаааст.

Бибимарзияи Абдураҳмонзода ҳамагӣ 15 сол дорад ва мегӯяд, бори аввал аст Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдаконро таҷлил мекунад. Бибимарзия, ки маъюб аст ва бештари умраш дар дармонгоҳҳои хориҷӣ сипарӣ гаштааст, мегӯяд, ҳатто намедонист, ки дар Тоҷикистон кӯдакон ҳам ин рӯзро таҷлил мекунанд. Ӯ як сол мешавад, дар литсеи махсуси маъюбон ҳунари дӯзандагӣ меомӯзад ва мегӯяд, баробари кӯдакону наврасони солим пас аз таҷлили - Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон рӯҳӯ илҳоми тоза гирифтааст: «На танҳо дар Рӯзи кӯдакон, балки дар ҳама ҷашнҳо моро дастгирӣ мекунанд. Медонистам , ки ҳамин гуна ҷашн аст, аммо боре надида будам. Имсол бошад билет оварда моро ба филармония даъват карданд. Пештар худро маъюб ҳис мекардам, ҳоло не.»

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон имсол ба кӯдакони маъюб ва ё имконияташон маҳдуд бахшида шуд. Аз ин рӯ ЮНИСЕФ ва ё Бунёди ҳимоят аз кӯдакони СММ дар ҳамкорӣ бо мақомоти Тоҷикистон «Ҳафтаи кӯдакону наврасон» -ро бо мулоқоти 200 тан аз кӯдакон, ба хусус кӯдакони маъюбу муҳтоҷи аз 12 то 18 сола ва намояндагони ниҳодҳои давлатӣ дар Боғи кӯдаконаи шаҳри Душанбе оғоз кард. Парвина Муҳаммадхоҷаева, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ба «Озодӣ» гуфт, ин ниҳод имсол хостааст, то таваҷҷӯҳро ба ҳалли мушкили маълулон ё кӯдакони имконияташон маҳдуд ҷалб кунад, ки аз назари ҷомеа аксаран дур мемонанд.

Садриддини Ҳасанзод, як ҷавони маълул мегӯяд, азбаски дар Тоҷикистон ҳама баробарҳуқуқ мебошанд, хуб аст, ки дар Рӯзи ҳифзи кӯдакон наврасони имконияташон маҳдуд ҳам хурсандӣ кунанд. Идро бо ҳам таҷлил намоянд: «Пеш аз ҳама фикр мекунам ин як рӯҳбаландӣ, дилгармӣ дода метавонад ба онҳо. Барои он, ки дар баробари кӯдакони солим онҳо низ метавонанд як ҷо бошанд.»

Муҳиддин Додоҷонов, муовини директори литсеи-интернати махсуси маъюбон мегӯяд, онҳо низ барои дастгирии кӯдакони маъюбу маълул бахшида ба Рӯзи ҳифзи кӯдакон як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ гузарониданд. Наврасони то 18 соларо ба осорхонаҳо, маконҳои таърихӣ ва боғу гулгаштҳо тамошо бурданд. Ҷаноби Додоҷонов меафзояд, азбаски хонандагони литсей-интернати мазкур имкони ба ҳар ҷо рафтанро надоранд, аз таҷлили чунин ҷашну маросимҳо хело шод мешаванд. Онҳо худро дар ҷамъият танҳо эҳсос намекунанд: «Солҳои қаблӣ рӯзи маъюбон алоҳида буду наврасон алоҳида. Ҳоло бошад боз як ҷашн зиёдтар шуд, ки табақаҳои ниёзмандро ҳам ба он ҳамроҳ карданд, ки худро ҷавонони солими ҷумҳури эҳсос мекунанд, на маъюб. Пештар, ки дар Рӯзи маъюбон даъватӣ будем ба ин рӯз аҳамият медодем, аммо на ба ин дараҷа. Баъди қарори ЮНИСЕФ ду-се рӯз боз мо ба ҳама ҷашнҳо даъватием»

Маҳфилҳои хос барои кудакони маъюбу маълум на танҳо дар Душанбе балки дар саросари Тоҷикистон баргузор шуд. Зимнан, дар Тоҷикистон беш аз 164 ҳазор афроди имконияташ маҳдуд ё маъюб зиндагӣ мекунад, ки 30 ҳазори онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд.


1-уми июн ҳанӯз дар соли 1925 дар анҷумани ҷаҳонии вазъи кӯдак дар Женева ба ҳайси Рӯзи кӯдак муқаррар шуда буд. Аммо ин рӯз ба сифати Рӯзи кӯдак бештар дар кишварҳои коммунистии собиқ таҷлил мешавад ва кишварҳои дигар аслан рӯзи 20 ноябр, яъне таърихи тасвиб шудани эъломияи ҳуқуқи кӯдак ва паймони байналмилалии ҳуқуқи кӯдакро, ки Рӯзи умумии кӯдакон эълон шудааст, таҷлил мекунанд.

Дар ҳар сурат, хоҳ 1 июн ва хоҳ 20 ноябр, ин рӯзҳои расмӣ фақат як баҳонаи дигаранд барои бори дигар баргаштан ба масъалаи вазъи ҳуқуқи кӯдак дар кишварҳои ҷаҳон, ба хусус дар кишварҳои фақире, чун Тоҷикистон.

Маълум аст, ки тақрибан нисфе аз 7 миллион аҳолии Тоҷикистонро кӯдакон ва наврасони зери синни балоғат ташкил медиҳанд. Ҳазорон нафар аз ин атфол аз овони кӯдакӣ, ки овони “ чун гул ба чаман сар кашидани онҳост,” кашидани бори аробаи зиндагии хонаводаҳои худро бар дӯш мегиранд, ҳазорони дигар аз шароити шоистаи зиндагӣ ва таълиму тарбия маҳрум бо умеди як қути лоямут дар кӯчаву хиёбон рӯзи худро шаб мекунанд.

Аммо дар Тоҷикистон ба назар мерасад, аз вуҷуди ин рӯзи расмӣ танҳо мақомоти зирабт ва расонаҳо хабар доранду халос. Ба ҳар ҳол, кӯдакони хиёбонӣ, фақиру бенаво, ки як пора нони шиками худро аз меҳнати сангини кӯча меёбанд, аз ин рӯз бехабаранд, ҳарчанд аслан вазъи ҳуқуқи онҳо боиси нигаронӣ мебошад ва бештар маҳз онҳо ниёзманди нигаҳбониву меҳрубониву раҳму шафқатанд.
XS
SM
MD
LG