Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мубоҳисаи телевизионии номзадҳои раёсати ҷумҳурии Эрон


Дар як барномаи мустақими телевизионӣ 8 номзади мақоми раёсати ҷумҳурии Эрон бо ҳам ба мубоҳиса пардохтанд. Ин барнома, ки аз суолу ҷавоб ба якдигар иборат буд, барои ҷавоб ба ҳар суол ба номзад 90 сония вақт медод.

Қисмати авали ин мубоҳиса ба мавзӯъҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, аз қабили фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, нархҳои қобили қабул барои хона ва роҳҳои мубориза бо бекории густаришёфта ва таварруми пул ихтисос дошт.

Номзад Алӣ Акбар Вилоятӣ пешниҳод кард, ки Эрон метавонад гази табиии Туркманистонро ба Туркия ва Аврупо интиқол диҳад. Вале вай ҳамзамон изҳор дошт, ки Эрон бояд муносиботи худро бо кишварҳои хориҷӣ “таъмир” кунад, то дар оянда аз фишор ба иқтисоди худ дар канор бимонад.

Дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки 14 июн баргузор мешавад, 8 номзад бо ҳам рақобат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG