Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

К+ куҷо шуд?


Бахши телевизион дар сомонаи K+ аз 28 май ба ин сӯ холист.
Бахши телевизион дар сомонаи K+ аз 28 май ба ин сӯ холист.

Шабакаи телевизионии К+ мегӯяд, ғайб задани барномаҳояш аз моҳвора рабте ба пахши ягон навори алоҳида надорад.

Ин шабака рӯзи 31 май дар як посухи катбӣ ба Озодӣ дар посух ба ин суол ки чаро барномаҳояш аз рӯзи 28 май пахш намешаванд?, навишт, ки “дар ҳоли ҳозир, дар шабака ислоҳот ҷараён дорад ва дигар наметавонист ҳамчун шабакаи телевизионии хабарӣ дар чорчӯби кӯҳна дар моҳвора фаъолият кунад.” К+ ҳамчунин мегӯяд, "ба зудӣ баъди кӯчондани серверҳои худ пахши барномаҳояшро дар Интернет аз сар мегирад ва барномаҳояш дар моҳвора ҳам дар шакли HD пайдо хоҳанд шуд."

Барномаҳои К+ тавассути моҳвораи Hotbird пахш мешуд, вале тақрибан аз зӯҳри 28 май аз эфир ғайб зад. Ин иттифоқ дуруст ба дунболи пахши ду барномаи як соатӣ ва як барномаи нимсоатӣ бо ширкати раҳбари ҷунбиши Ватандор Додоҷон Атовуллоев буд. Ин иттифоқ дар зеҳни бисёриҳо дар Тоҷикистон гумонеро эҷод кард, ки шояд пахши барномаҳои ин шабакаи телевизионӣ бо дахолати мақомоти Душанбе қатъ шудааст. Дар ин рӯзҳо дастрасӣ ба шабакаи интернетии К+ ва ҳам ба торнамои маъруфи Ютюб ҳам дар Тоҷикистон маҳдуд шуда буд.

Аммо билофосила ҳамон рӯзи 28 май Самад Ҳикматов, муовини раиси Кумитаи давлатии телевизон ва радиои Тоҷикистон оид ба масоили фаннӣ ба Озодӣ гуфт, ки овозаҳо дар мавриди масдуд карда шудани К + асос надорад ва шояд пахши барномаҳои ин шабака ба далели ягон мушкилоти фаннӣ дар дохили шабака қатъ шуда бошад. Вай афзуд, ки имкони масдуд кардани каналҳои моҳвораӣ дар кишвари дуввум ва севвум аз нигоҳи фаннӣ вуҷуд надорад.


Дар гузашта Чин ва Эрон чанд дафъа тавонистаанд барномаҳои телевизионҳои мунтақидро аз эфир “бизананд”, вале ба гуфтаи коршиносон, ин коре хеле пурҳазина аст ва аз нигоҳи иҷро технологияҳои қавӣ ва мураккаберо мехоҳад. Тоҷикистон барои анҷоми чунин кор на пул дорад ва на таҷҳизоти лозим, мегӯянд коршиносони ин соҳа.

Иттифоқан К+ дар рӯзе аз эфир «ғайб» зад, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз Бишкек ба Остона ба мулоқоти раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мерафт. Рӯзи 28 май, вақте барномаҳои К+ якбора ҳам аз моҳвораи Hotbird ва ҳам аз Интернет ғайб зад, дар канори барномаи навбатии танқидии Додоҷони Атовуллоҳ филми мустанадеро дар бораи Асал Исобоева пахш кард. Дар ин филм Асал Исобоева ҳамчун “ҳамсари севум ва хурдӣ”-и раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев муаррифӣ мешуд.


Мухтор Аблиёзов дар эфири К+
Мухтор Аблиёзов дар эфири К+
Дар ҳоле ки масъулони К+ ғайб задани барномаҳои ин шабака аз моҳвора ва Интернетро ба зарурати тағйири чорчӯби кор ва “кӯчондани серверҳо” бастагӣ медиҳанд, манобеъи огоҳ мегӯянд, далели ин метавонад мушкилоти молӣ ҳам бошад. К+ аз сӯи соҳибкор ва сиёсатмадори фирории қазоқ Мухтор Аблиёзов таъсис ёфта, бахши аъзами барномаҳояшро интиқод аз давлати Назарбоев ташкил медод. Аблиёзов ва ҳамин тавр, Роҳат Алиев, домоди собиқи Назарбоев, аз меҳмонони ҳамешагии К+ буданд ва соатҳо аз минбари ин шабака аз ҳукумати Қазоқистон интиқод мекарданд. Аблиёзов дар Бритониё паноҳ мебурд, вале баъди сарпечиаш аз ҳозир шудан ба додгоҳи ин кишвар таҳти таъқиб қарор гирифт ва ҳисобҳои бонкиаш низ мунҷамид шудаанд.

Як хабарнигори К+ дар Қазоқистон рӯзи 31 май ба Озодӣ гуфт, онҳоро ҳанӯз аз рӯзи 1 май ба рухсатии бемӯҳлат фиристодаанд ва ишора ҳам кардаанд, ки иллат дар камбуди пул аст ва бо рафъи мушкили молӣ дубора ба кор идома хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG