Пайвандҳои дастрасӣ

«Ваъдаи падарамро амалӣ мекунам, агар дастгирӣ кунанд»


Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик.

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик.

Паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Ҷоми Аврупо миёни навҷавонон, ки ахиран дар Киеви Украина барпо гардид, медали тилло ба даст овард.

Вай ҳамчунин дар авоили моҳи май дар мусобиқаи панҷуми байналмилалӣ оид ба дзюдо барои ҷоизаҳои раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар шаҳри Хасавюрти Доғистон соҳиби медали биринҷӣ гардида буд.

Комроншоҳи Устопириён меҳмони барномаи «Ҷаҳони варзиш»-и радиои Озодӣ буд ва ҳоло мусоҳибаи мо бо ин ситораи варзиши тоҷик ба таваҷҷӯҳи хонандагони сомона РО пешкаш мешавад.

Озодӣ: Комроншоҳ, аввалан, Шуморо бо ғалаба дар Ҷоми Аврупо табрик мегӯем.

Комроншоҳ: Ташаккур.

Озодӣ: Нахуст дар бораи сабқати худ дар Киев каме иттилоъ бидиҳед.

Комроншоҳ: Ман дар рақобатҳо дар вазни то 90 кг бар рақибонам Диловар Ширвонлӣ аз Озарбойҷон, Евгений Кантседал аз Украина, Ниёз Билолов аз Русия пирӯз шуда, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтам. Дар нимфинал бошад, бар Андрей Гордиенкои украинӣ дастболо шуда, ба финал баромадам. Дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Измаил Хамхоев аз Русия ғолиб омадам ва мақоми аввалро касб кардам. Хеле сарфарозам, ки дар макони мусобиқот – толори варзишии Киев ба ифтихори пирӯзии ман Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта, Суруди миллии кишвар садо дод.

Озодӣ: Лутфан, шарҳи ҳоли худро баён кунед.

Комроншоҳ: Ман 7-уми январи соли 1993 дар деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд дар оилаи паҳлавонон Устопириён ба дунё омада, ба камол расидаам. Дар оилаи мо панҷ духтару ду писар ҳастанд. Устодони ман падараму бародарам мебошанд. Падарам Усто Устопиров, Мураббии шоистаи Тоҷикистон, барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо байни устодон аст. Бародарам Фаридун Устопирови 30-сола қаҳрамони дукаратаи Бозиҳои Осиёи Марказӣ дар навъи самбои размӣ ё боевое самбо мебошад. Ман то синфи 6-ум дар мактаби миёнаи рақами 10-и деҳаамон мехондам ва дар толори варзишии «Кохи Ланглиф» машқ мекардам. Баъдан таҳсиламро дар мактаби хусусии ба номи Рустамови шаҳри Хуҷанд давом додам. Сипас мактаб-гимназияи рақами 13-и русии ба номи Максим Горкийи Хуҷандро хатм кардам. Феълан донишҷӯи соли севуми факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд мебошам.

Озодӣ: Оиладор ҳастед?

Комроншоҳ: Не, муҷаррадам. Мақсад дорам, ки баъди Олимпиадаи соли 2016-ум издивоҷ кунам.

Озодӣ: Ба ғайр аз мусобиқоти имсола боз чӣ гуна муваффақиятҳо ба даст овардаед?

Комроншоҳ: Ман қаҳрамони 10-каратаи Тоҷикистон, аз он ҷумла 5 карат дар намуди самбо, 3 бор дар риштаи дзюдо ва 2 маротиба оид ба гуштии миллӣ мебошам. Ҷоизадори чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни наврасон дар соли 2009 ҳастам. Аз соли 2010 то соли 2012 секарат чемпиони ҷаҳон ва секарат чемпиони Осиё миёни наврасону навҷавонон оид ба самбо гардидаам. Дар риштаи дзюдо низ ба дастовардҳои назаррас ноил шудаам. Бахусус соли 2012-ум бароям соли бобарор буд. Дар чемпионати Осиё дар Тайван миёни навҷавонон барандаи медали биринҷӣ гардида, ҳамчунин дар якчанд мусобиқаи байналмилалӣ ғолиб шудаам.




Озодӣ: Шумо дар куҷо тамрин мекунед?

Комроншоҳ: Ман дар толори варзишие, ки порсол дар шаҳри Хуҷанд бо дастгирӣ ва кӯмаки молии раиси Федератсияи самбои вилояти Суғд Наврӯз Валиев сохта шуд, ҳамроҳи бародарам ва шогирдони падарам тамрин мекунам. Инчунин дар тамринҳои дастаҷамъӣ дар шаҳри Душанбе ва берун аз кишвар, дар Русия ширкат меварзам.

Озодӣ: Комроншоҳ, вақти фароғат бо чӣ корҳо машғул мешавед?

Комроншоҳ: Вақти холигиамро бо мутолиаи китобҳои бадеӣ мегузаронам. Хондани шеърҳои Умари Хайём ва достони «Шоҳнома»-и Фирдавсиро дӯст медорам.

Озодӣ: Ҳар як варзишгар кумири худро дорад, Варзишгарони дӯстдоштаи Шумо киҳоянд?

Комроншоҳ: Ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов (руҳашон шод бод!), Расул Боқиев, Иляс Илядеси юнонӣ (дар 17-солагиаш дар риштаи дзюдо қаҳрамони олимпӣ шудааст), Мансур Исоев ва Тагир Ғайбуллоев (ҳарду аз Доғистони Русия).

Озодӣ: Барои иштироки Шумо дар мусобиқоти байналмилалӣ киҳо кӯмаки молӣ мекунанд?

Комроншоҳ бо падараш Усто Устопириён

Комроншоҳ бо падараш Усто Устопириён

Комроншоҳ: Дар чандин мусобиқоти бузурги ҷаҳониву байналмилалӣ бо дастгирии раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва раиси Федератсияи самбои вилоят Наврӯз Валиев, инчунин баъзе соҳибкорон иштирок кардам, ки аз онҳо сипосгузорам.

Озодӣ: Оё Шумо ҳамчун варзишгар моҳона ва ё ҳамчун узви дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон стипендия мегиред?

Комроншоҳ: Маош ё стипендия намегирам.

Озодӣ: Барои дастовардҳои варзишиатон Шуморо қадрдонӣ кардаанд?

Комроншоҳ: Имсол ҳангоми ҷамъбасти мавсими гузашта ба ман 2 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ доданд.

Озодӣ: Ба назари Шумо барои рушди намудҳои гуштӣ дар Тоҷикистон чӣ омилҳо асосианд?

Комроншоҳ: Пеш аз ҳама дастгирии варзишгарон зарур аст. Аввалан таъмини онҳо бо ғизо, баъдан толори мувофиқ барои тамрину омодагӣ ба мусобиқот ва сафарбар кардани варзишгарон ба мусобиқоте, ки дар хориҷи кишвар доир мешавад. Варзишгар бояд дар як сол камаш дар 10 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кунад, он гоҳ маҳораташ такмил меёбад ва муваффақ мешавад.

Озодӣ: Дарвоқеъ, падари Шумо Усто Устопириён дар мулоқоти президенти Тоҷикистон бо варзишгарон моҳи декабри соли 2010-ум ваъда доданд, ки писарашон, яъне Шумо дар Олимпиадаи соли 2016-ум қаҳрамон мешавед. Ба ин ваъдаи падаратон чӣ гуфтаниед?

Комроншоҳ: Ман тамоми кӯшишу ғайрат ва маҳоратамро ба он сафарбар мекунам, ки аввалан соҳиби роҳхати олимпӣ шавам. Агар дастгирӣ бошад, иншооллоҳ ба мақсадамон мерасем. Вале ҳоло дастгирӣ нест.

Озодӣ: Имсол чӣ нақшаҳо доред?

Комроншоҳ: Аввалан дар ҳайати дастаи мунтахаби самбои кишвар дар чемпионати Осиё оид ба самбо, ки рӯзҳои 1-3-юми июн дар шаҳри Сеули Куриёи Ҷанубӣ баргузор мешавад, иштирок мекунам. Сипас дар машқҳои дастаҷамъӣ дар Русия иштирок намуда, ба Универсиадаи Қазон, ки моҳи июл барпо мегардад, омодагӣ мебинам. Инчунин, имсол дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Юнон (аз 10-ум то 14-уми октябр), чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар Словения (моҳи октябр), чемпионати ҷаҳон оид ба самбо байни бузургсолон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия (моҳи ноябр) ва охири сол дар чемпионати Осиё оид ба дзюдо дар Чин иштирок хоҳам кард.

Озодӣ: Ва саволи охирини мо маъмулист - чӣ орзуҳо доред?

Комроншоҳ: Орзуи асосӣ ва қалбии ман ба даст овардани роҳхати олимпӣ ва дар Бозиҳои олимпӣ ба унвони баланд сазовор шудан аст. Инчунин орзу дорам, ки ба мисли ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов қаҳрамони ҷаҳон шавам. Охир, дар муддати беш аз 37 сол дигар ягон гуштигири Тоҷикистон ба унвони қаҳрамони ҷаҳон байни бузургсолон ноил нашудааст.

Озодӣ: Ташаккур барои сӯҳбат. Барои амалӣ шудапни ин орзуҳои наҷибатон ба Шумо барори кор ва пирӯзиҳо хоҳонем.

Комроншоҳ: Саломат бошед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG