Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳабси пешакии 2 марзбон ба гумони қатли Парвизи Вазирбек


Додситонии низомии вилояти Бадахшон ду марзбон дар ноҳияи Дарвозро дар марги Парвиз Вазирбеков, як ноболиғи ин ноҳия муттаҳам ва ба ҳабс гирифтааст. Полковник Маҳмадалӣ Бобоев, Раиси Додситонии гарнизони ҳарбии Бадахшон рӯзи 31-уми май ба «Озодӣ» гуфт, ки бар асоси тафтишоти пешакӣ ду сарбози қисми ҳарбии марзбонии ноҳияи Дарвоз Иззатҷон Ашӯрматов ва Баҳриддин Пирматов дар амали ҷиноие айбдор мешаванд, ки боиси марги талабаи мактаб шудааст. Дар ҳоли ҳозир муфаттишони Додситонии Гарнизони ҳарбии Бадахшон ҳодисаи мазкурро таҳқиқ доранд ва бо анҷоми пурраи тафтишоти пешакӣ, матбуотро дар ҷараён хоҳанд гузошт. Ҷасади Парвизи Вазирбек, хонандаи мактаби шумораи яки ноҳияи Дарвоз рӯзи 1-уми май ба дарёи Панҷ андохта шуд ва танҳо баъд аз 18 рӯз пайдо карда шуд.
XS
SM
MD
LG