Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мегӯяд, ба Сурия мушаки S-300 надодааст


Мушакҳои S-300
Мушакҳои S-300
Матбуоти Русия гузориш додааст, ки Маскав наметавонад мушакҳои навъи S-300-ро соли ҷорӣ ба Сурия диҳад. Гузоришҳои матбуотӣ интиқоли ин мушакҳои дифои ҳавоӣ ба Сурияро рад кардааст.

Нашрияи “Ведомости” аз қавли як сарчашмаи худ навиштааст, то ҳол маълум нест, ки ин мушакҳо соли ҷорӣ ба Сурия дода мешавад ё хайр. Рӯзномаи “Коммерсант” навиштааст, интиқоли мушакҳо ба Сурия барои соли 2014 ба нақша гирифта шудааст.

Ҳар ду нашрия навиштаанд, ки то ҳол ин мушакҳо ба Сурия дода нашудаанд. Аммо Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия дар як мусоҳиба бо телевизиони Al-Manar-и Лубнон гуфт, ки Русия ин мушакҳоро дар ихтиёри Сурия гузоштааст.
XS
SM
MD
LG