Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз 1 июн нархи сӯҳбатҳои телефонӣ бо сомонӣ мешавад


Аз 1 июн бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон хадамоти тамоми ширкатҳои телефони мобил бо пули миллӣ анҷом хоҳад ёфт. Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкати “Вавилон мобайл” рӯзи 31 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо дастури Бонки миллӣ аз 1 июни соли равон ҳамаи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон пардохтҳои худ, яъне нархномаҳо ва тарофаҳоро ба пули милии сомонӣ мегузаронанд. Ба қавли Холиқназар Ҷумъаев аз ин иқдом ба зарари муштариҳо нахоҳад шуд. Шумори муштариёни телефонҳои мобил дар Тоҷикистон то 10 миллион нафар ва ҳаҷми муомилоти ширкатҳои мобил солона то ним миллиард доллар баровард мешавад. Таи ду рӯзи ахир аз тарафи ширкатҳои мобилӣ ба муштариён СМС- паёмакҳо дар мавриди тартиби нав пардохти тарофаҳо расидааст.
XS
SM
MD
LG