Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нооромиҳо дар атрофи кони тилои Қумтори Қирғизистон


Эътирозҳо дар атрофи Қумтор – бузургтарин кони тилои Қирғизистон – рӯзи ҷумъа мунҷар ба даргириҳо байни сокинони рустои маҳаллии Барскун ва нирӯҳои пулис шуд.

Бино ба хабарҳо, дар ин даргириҳо дасти кам 5 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Мақомоти тиббӣ мегӯянд, дар маҷмӯъ то соати 13 вақти маҳаллӣ 15 нафар барои ёрии тиббӣ муроҷиат кардаанд.


Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар пайи ташаннуҷи вазъ дар ноҳияи Жетиоғуз вазъи изтирорӣ ҷорӣ кард. Отамбоев мегӯяд, эътирозҳо дар Қумтор метавонад ба иқтисоди кишвар то 6 миллиард сом зиён биорад.

Хабарнигори Озодӣ аз маҳалли ҳодиса гузориш дод, ки пулис алайҳи тақрибан 3000 эътирозгари гирдиҳамомада аз гази ашковар истифода бурд.
Даргириҳо бо нирӯҳои пулис дар пайи боздошти даҳҳо эътирозгаре, ки шоми панҷшанбе истгоҳи таъмини барқи кони тилои Қумторро ғасб карданд, оғоз ёфт. Бино ба хабарҳо, эътирозгарон як муддат ҳокими маҳаллиро гаравгон гирифтанд, вале баъдан раҳояш карданд.


Садҳо эътирозгар роҳи асосӣ дар атрофи кони тилоро аз рӯзи сешанбе ба ин сӯ масдуд кардаанд. Онҳо мехоҳанд, ки ширкати канадагии Centerra Gold Company барои мардуми маҳаллӣ муассисаҳои тиббӣ ва зербинои хубтари зистмуҳитӣ бисозад.

Эътирозгарон талаб кардаанд, ки раисиҷумҳур Отамбоев ва сарвазири Қирғизистон Ҷонторо Сотиболдиев ба назди онҳо биоянд. Сотиболдиев гуфтааст, ки дар паси нооромиҳои ахир “нирӯҳои бузург” истодаанд.

Додситони кулли Қирғизистон Аида Салянова аз тасмимаш барои боз кардани парвандаи ҷиноӣ алайҳи эътирозгароне, ки даст ба қонуншиканӣ задаанд, хабар дод. Додситони кулл гуфт, таҳрикдиҳандагон ва омилони бетартибиҳо бо иттиҳоми ғасби биноҳо, авбошӣ ва худсарӣ ба масъулият кашонда хоҳанд шуд.

Шеваи баҳрабардории ширкати канадагӣ аз кони тилои Қумтор дар соли 2012 низ як силсила эътирозҳоро дар пай дошт. Дар моҳи октябр раҳпаймоии эътирозӣ бо талаби миллӣ кардани ин кон дар Бишкек ба хушунат печид. Дар пайи он хушунатҳо бо ҷурми даъвати гирдиҳамомадагон ба ғасби қудрат се вакили парлумон аз ҳизби мухолифи Ота-Ҷурт - Қамчибек Тошиев, Содир Ҷабборов ва Талант Мамитов боздошт шуданд. Додгоҳ дар моҳи март Тошиев ва Ҷабборовро ба мӯҳлати 1,5 сол ва Мамитовро ба 1 соли зиндон маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG