Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 июн масъалаҳои марзии Русия ва Гурҷистон баррасӣ мешавад


Бидзина Иванишвилӣ
Бидзина Иванишвилӣ
Бидзина Иванишвилӣ-нахуствазири Гурҷистон мегӯяд, масъалаи баҳсбарангези қаламрави Асетияи Ҷанубии Гурҷистон дар музокироти Русияву Гурҷистон 5 июн баррасӣ мешавад. Иванишвилӣ дар изҳороти телевизионии худ гуфт, “мо бояд ором бошем, ҳама чиз рӯшан хоҳад шуд”. Иванишвилӣ афзуд, “набояд кас ба эҳсосот дода шавад”. Вай гуфт, қаламравҳои ҷудоихоҳи Гурҷистон дар давоми чанд соли оянда баргардонида мешаванд.

Дар аввали ҳафтаи ҷорӣ нируҳои Русия як шаҳрванди Гурҷистонро дар наздикии Асетияи Ҷанубӣ боздошт карданд. Пештар нируҳои Русия дар имтидоди марз панҷара бардошта буданд. Мардуми маҳаллӣ шикоят мекунанд, ки ин панҷараҳоро чанд метр аз марз дар дохили қаламрави Гурҷистон гузоштаанд.
XS
SM
MD
LG