Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Задухурди пулис бо аҳолии маҳаллӣ дар наздикии кони Кумтор


Эътирози сокинони деҳаи Барскоон дар наздикии кони Кумтор

Эътирози сокинони деҳаи Барскоон дар наздикии кони Кумтор

Дар задухурди миёни кормандони пулис ва сокинони маҳаллӣ дар деҳаи Барскоони Қирғизистон дар наздикии бузургтарин кони тиллои ин кишвар 5 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Хабарнигори радиои Озодӣ аз маҳали ҳодиса гузориш медиҳад, ки пулис аз гази ашковар истифода кардааст, то 3 ҳазор нафар тазоҳуркунандаро пароканда созад.
Задухурд замоне шурӯъ шудааст, ки пулис даҳҳо нафарро боздошт кард. Онҳо истгоҳи барқро ба тасарруфи худ дароварда буданд ва шоми панҷшанбе интиқоли барқро ба кони тиллои Кумтор қатъ карданд.

Эътирозкунандагон раиси вилоятро гаравгон гирифтанд, вале баъдтар раҳо карданд. Бо вуҷуди ин, роҳи аслии сӯи Кумторро садҳо нафар эътирозгар бастаанд ва аз ширкати Канада мавсум ба Centerra Gold, ки дар ин кон кор мекунад, талаб карданд, ки шароитро барои ҳифзи муҳити зист фароҳам орад ва барои аҳолии маҳаллӣ марказҳои тиббӣ созад.

Тазоҳуркунандагон тақозо кардаанд, ки раиси ҷумҳур ва нахуствазир бо онҳо мулоқот кунанд.
XS
SM
MD
LG