Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Ворух шӯъбаи корҳои дохилӣ боз хоҳад шуд


Дар маркази ҷамоати марзии Ворух, ҳаммарз бо Қирғизистон бунёди бино барои шуъбаи корҳои дохилӣ дар ин маҳал оғоз шудааст. Лоиқ Маҳкамов, раиси ҷамоати мазкур ба Озодӣ гуфт, ин ниҳод ба хотири назорат аз минтақаи наздимарзӣ ва таъмини бехатарии шаҳвандон фаъол хоҳад шуд. Оқои Маҳкамов мегуфт: “Ворух дорои беш аз 30 ҳазор аҳолӣ аст ва дурдасттарин анклави Тоҷикистон аст. Аслан то солҳои 1997 дар ин ҷо Шуъбаи корҳои дохилӣ фаъолият мекард, ки зуд ба мушкили сокинон расидагӣ мекард. Акнун зарурати ба миён омада водор мекунад чунин шуъбаи алоҳида дигарбора фаъол карда шавад.”

Охири моҳи апрел байни сокинони тоҷику қирғиз дар деҳаҳои марзии Ворух ва Хоҷаи Аъло низоӣ бархоста, мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон бо сафарбар кардани нерӯҳои интизомӣ ва марзбонӣ аз Исфараву Бодканд сокинонро ором ва вазъро таҳти назорат гирифтанд. Тасмими боз кардани шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ҷамоати Ворух дар ҳолест, ки дар пайи низоъ мақомоти Суғду Боканд дар шаҳри Исфара бо ҳам мулоқот ва ҷиҳати назорати муштараки марз, таъмини суббот ва бехатарии сокинони марзӣ тасмим гирифтанд. Тибқи ин созиш, ин вазифаро гурӯҳҳои муштараки сайёри марзбонҳо ва кормандони интизомии тоҷику қирғиз бар дӯш хоҳанд дошт ва дар сурати сар задани баҳсу муноқишаҳо миёни сокинони наздимарзӣ саривақт ва ҳамҷоя ба он расидагӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG