Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масъулияти ҳамлаи маргталабона ба дафтари волии Панҷшерро Ҳаракати Исломии Узбакистон бар дӯш гирифт.

Ҳаракати Исломии Узбакистон дар як изҳорот масъулияти ҳамлаи маргталабона ба дафтари волии Панҷшерро бар дӯши худ гирифт ва мегӯяд, бар асари он 38 корманди давлати Афғонистон, 6 меҳмони хориҷӣ ва ҳамин теъдод тарҷумонҳо, ҷамъан 50 нафар кушта шудаанд. Дар ҳамин изҳорот омадааст, ки талафоти ҷонии Ҳаракати Исломии Узбакистон дар задухӯрди рӯзи чаҳоршанбеи 29-уми май 5 нафарро ташкил додааст. Бино бар ин изҳорот, ҳамлаварони Ҳаракати Исломии Узбакистон 6 нафари саропо мусаллаҳ будаанд.

Ин арқом дар ҳоле нашр мешаванд, ки мақомоти Афғонистон дар рӯзи воқеа гуфтаанд, дар натиҷаи ҳамла танҳо як сарбози давлат кушта шудааст. Намояндаи ҳукумати вилояти Панҷшер гуфта буд, дар задухӯрди рӯзи чаҳоршанбе ҳамаи 7 ҳамлагар низ кушта шудаанд. Абдулкабир Восиқ, сухангӯи волии Панҷшер, дар рӯзи ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ҳамаи ҳамлагарон дар тан либоси пулиси афғонро доштаанд.

Ба гуфтаи Аҳмад Ҳаноиш, хабарнигори Радиои Афғонистони Озод дар Панҷшер 7 ҳамлавари маргталаб савори як мошин ба дарвозаи идораи ҳукумати вилояти Панҷшер наздик шуда ва ба сӯи посбонони даромадгоҳи он тирандозӣ кардаанд. Дар ҷараёни тирпарронӣ як муҳофизи дарвоза кушта шуд ва ин ба ҳамлаварон имкон дод, ки аз дарвоза ворид шаванд, аммо ба оташи ҷавобии муҳофизон рӯ ба рӯ шуданд. Дар ин даргирӣ се нафар аз ҳуҷумкунандаҳои интиҳорӣ худро мунфаҷир карда, чаҳор тани дигар аз тири нирӯҳои амниятии Панҷшер ба ҳалокат расиданд ва ҷасади онҳоро хабарнигор дар ҷои воқеа бо чашмони худ дидааст.

Панҷшер аз амнтарин вилоятҳои Афғонистон ба шумор мерафт ва дар даҳ соли охир чунин ҳамлаҳо дар ин ҷо рух надода буд. Ин нукта дар изҳороти Ҳаракати Исломии Узбакистон низ зикр шуда, дар он Панҷшер зодгоҳи фармондеҳи маъруф Аҳмадшоҳи Масъуд номида мешавад ва изофа гаштааст, ки Масъуд ба ҷиҳод хиёнат кардааст.

Дар ҳоле ки рӯзи 29-уми май масъулияти ин ҳамларо ҷунбиши Толибон бар дӯш гирифт, акнун Ҳаракати Исломии Узбакистон мегӯяд, ин ҳамла кори дасти аъзои он будааст. Ҳаракати Исломии Узбакистон як созмони террористие шумурда мешавад, ки масъулияти даҳҳо ҳамлаи маргталабонаро дар дӯш дорад ва аз шаҳрвандони кишварҳои Шӯравии собиқ таркиб ёфтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG