Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомот: «Шумораи мактабхонҳои сигоркаш кам шудааст»


Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки пас аз як соли тарғибу ташвиқ ва иҷрои барномаҳои зиддитамоку, теъдоди мактабхонҳои сигоркаш кам шудааст.

Гурез Азимов, директории Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими Вазорати тандурустӣ рӯзи 31-уми май ба "Озодӣ" гуфт, ки ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии зидди тамоку барномаҳо ва гузоришҳои худро аз тариқи шабакаҳои телевизон ва радиои Тоҷикистон аз субҳи имрӯз оғоз кардаанд. Ба гуфтаи вай, ҳамчунин кормандони марказ ба беморхонаҳо ва мактабҳо рафта, оид ба зарари сигарету тамоку барои ҳаёти солими инсон суҳбатҳо мекунанд.

Ин масъулияи вазорати тандурустии Тоҷикистон афзуд, аз суҳбат бо масъулони мактабҳо маълум шудааст, ки теъдоди талабаҳои сигоркаш коҳиш ёфтааст. Вай мегӯяд, ки ҷавонон аслан аз рӯи ҳавас ва худнамоишдиҳӣ сигор ба лаб мегузоранд, вале намедонад, ки аз нигоҳи беҳдоштӣ дуди сигор бемории саратон ва асабро афзоиш медиҳад.

«Дар роҳи мубориза бо тамоку мо ба таҷрибаи кишварҳои дигар ниёз дорем. Масалан, дар кишварҳои назди Балтик вақте дар мактабхонаҳо рекламаи «Сигор ба зиндагии шаҳвонии мардум зарар дорад» роҳандозӣ шуд, чанд маротиба сафи сигоркашонро кам кард»-, афзуд Гурез Азимов.

Дар назар аст, ки Тоҷикистон шомили конвенсиюни Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза алайҳи тамоку шавад, ки феълан 168 кишвари ҷаҳон ба он шомил мебошад. 31-уми май бо қарори Созмони Милали Муттаҳид ба унвони Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку эътироф шудааст. Дар ин рӯз дар ҳама кишварҳои ҷаҳон тамокукашони ашаддӣ ҳам талош хоҳанд кард, то даст ба тамоку набаранд ва ин рӯзи худро бе тамоку сипарӣ кунанд.

Дар Тоҷикистон 2 солу чор моҳ пеш қонуни маҳдудияти тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба ҳукми иҷро даромад. Дар оғози ҳукми иҷро гирифтани ин қонун аз муҷозоти бархе шаҳрвандон барои нақзи он хабар расида буд. Аммо дар ин авохир хабаре дар ин бора шунида намешавад. Нақзи қонуни манъ ё маҳдудияти сигоркашӣ дар Тоҷикистон аз 105 сомонӣ то 35 ҳазор сомонӣ ҷарима ба дунбол хоҳад дошт.

Тарабхона ва қаҳвахонаҳо барои сигоркашон ҷойҳои махсус муайян кардаанд ва дар ҳоли сигоркашӣ дидани одамон дар кӯчаву хиёбонҳо коҳиш ёфтааст. Онҳо ба хотири он, ки ҷарима насупоранд, аз тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, махсусан толорҳову дохили мусофирбарҳо худдорӣ меварзанд.

Ин ташаббус таъсири тамокуро ба атрофиён коҳиш медиҳад, вале гумон аст, пеши роҳи афзоиши шумораи тамокукашонро бигирад. Дар ҷомеаи Тоҷикистон баҳонае роиҷ аст, ки одамон аз мушкилоти зиндагӣ ва ғаму андӯҳ ба носу сигор рӯ меоранд.

Аз тарафи дигар, арзонӣ ва дастрасии тамокуи қочоқӣ ва нос дар сари ҳар қадам, бешубҳа, сафи мӯътодони тамокуро, махусан дар миёни ҷавонону наврасон бештар мекунад. Бархе аз наврасон одати нос ё сигоркаширо далели камолоти худ медонанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG