Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафар ба Қазоқистон танҳо бо паспорти хориҷӣ


Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ хостааст, ки ба Қазоқистон танҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ сафар кунанд. Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 31-уми май ба радиои Озодӣ гуфт, ки тайи 7 сол мешавад, ки ҳукумати Қазоқистон бо паспортҳои дохилӣ сафар ба ин кишварро манъ карда буд. Ба гуфтаи ин мақоми Хадамоти муҳоҷират, борҳо шаҳрвандони Тоҷикистон зимни сафар ба Қазоқистон барои дарёфти ҷои кор ба мушкил рӯ ба рӯ шуда аз қаламрави ин кишвар ихроҷ шудаанд. Зеро онҳо аз ин шароити нави мақомомти Қазоқистон иттилоъи кофӣ надоштаанд. Абдуллоҳ Қодирӣ афзуд: «Аз ин рӯ мо лозим донистем, ки дар як хабарнома ба шаҳрвандоне, ки қасди сафари Қазоқистон доранд бирасонем, ки бидуни паспорти хориҷӣ вориди қаламрави ин кишвар нашаванд.»

Мақомоти ҳукумати Қазоқистон дар соли 2006 сафар бо шиносномаҳои дохилӣ ба ин кишварро манъ кардаанд. Ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, феълан дар Қазоқистон ҳудуди 100 ҳазор муҷоҳири кории тоҷик ба сар мебарад, ки умдатан ба тиҷорат машғуланд ва ё дар сохтмонҳо кор мекунанд.
XS
SM
MD
LG