Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукме, ки ду ҷонибро норозӣ гузошт


Ҳам наздикони Ҳамза Икромзода ва ҳам вакилони мудофеъ ва наздикони гунаҳкор дар марги ӯ, аз ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ розӣ нестанд.
Вакилони мудофеи собиқ корманди маҳбаси рақами аввали пойтахт Маҳмуд Исмоилов, ки дар латтукуби Ҳамза Икромзода гунаҳкор дониста шуда, ба 5,5 сол зиндон маҳкум шуд, аз болои ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба Додгоҳи шаҳри Душанбе аризаи шикоятӣ овардаанд. Зимнан наздикони Ҳамза Икромзода низ аз рӯи ин ҳукм ба Додгоҳи пойтахт аризаи худро пешинҳод карданд.

Абдулло Исмоилов, вакил мудофеи Маҳмуд Исмоилов рӯзи 31-уми май ба радиои Озодӣ гуфт, ки имрӯз ба Додгоҳи пойтахт алайҳи ҳукми додгоҳи Исмоили Сомонӣ ариза пешниҳод кардааст. Вай мегӯяд, ки дирӯз ҳалномаи додгоҳро дарёфт кардааст ва чун зерҳимояи вай - корманди маҳбаси рақами аввали пойтахт Маҳмуд Исмоилов дар латтукуб ва бадрафторӣ нисбат ба Ҳамза Икромзода даст надорад, мехоҳад додгоҳи пойтахт ин парвандаро бозбинӣ кунад. Абдулло Исмоилов афзуд, дирӯз ба унвони президенти Тоҷикистон нома ирсол дошта хоҳиш кардааст дар баррасии мунсифонаи парвандаи мазкур мусоидат кунад: «Дар ҷараёни пурсиши шоҳидон ҳеҷ кадоми онҳо даст доштани Маҳмуд Исмоилов дар латтукуби Ҳамза тасдиқ накарданд ва рад карданд, аммо додгоҳ ҳамаи гуноҳро ба гардани вай зад.»

Дар ҳамин ҳол Амиралӣ Икромзода, бародари Ҳамза Икромзода ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо низ нусхаи ҳалномаи додгоҳро гирифтаанд ва имрӯз ба Додгоҳи шаҳри Душанбе аризаи шикоятӣ пешниҳод кардаанд. Вай мегӯяд, ки Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ он кормандони маҳбасро, ки дар латтукуб ва куштори бародараш бевосита даст доштаанд, ба маҳкама накашидааст: «Шоҳидон гуфтанд дастандаркори асосӣ Рустам Тоштемиров, сардори маҳбаси рақами аввал аст, ки дар ташкили латтукуб ва бадрафтории бародарам бевосита даст дорад, лекин вай муҷозот нашудааст». Амиралӣ Икрозода афзуд, «шоҳидони аслӣ аз Хуҷанд оварда нашуданд, мо аз додгоҳ хоҳиш кардаем, ки ҳатман Садриддин Тошев ва Сунатулло Ризоев оварда шаванд.»

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахти Тоҷикистон рӯзи 29 май корманди фаврии маҳбаси рақами як Маҳмуд Исмоилов – гумонбари асосӣ дар латукӯби маҳбус Ҳамза Икромзодаро ба 5 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард. Додситонӣ Исмоиловро ба баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, ки боиси ҳалокати инсон шудааст (моддаи 316, қисми 3) айбдор карда, қаблан аз додгоҳ барои ӯ 8 сол ҳукми зиндон тақозо карда буд.

Ин ҳукми додгоҳ ҳам наздикони Ҳамза Икромзода ва ҳам хешовандони собиқ корманди фаврии маҳбаси рақами як Маҳмуд Исмоиловро низ шадидан норозӣ гузошт. Ҳарду ҷониб изҳор доштанд, ки ба зинаи болоии додгоҳ шикоят хоҳанд бурд, то ин ин парванда бознигарӣ шавад.
XS
SM
MD
LG