Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони қирғиз аз раҳоии ҷинояткор нороҳатанд


Парламенти Қирғизистон истеъфои як идда мансабдорони ин кишварро талаб кардааст, зеро моҳи гузашта онҳо ба раҳоии сарвари гурӯҳи муназзам ҷиноӣ Азиз Батукаев кумак расондаанд.

Рӯзи панҷшанбе вакилони мардумии қирғиз изҳороте пахш намуда, аз мансабдорони баландпоя ва мин ҷумла омбудсман ё худ масъули ҳуқуқи башар, вазирони умури дохиливу беҳдошт ва муовини сарвазир талаб кардаанд, ки вазифаашонро канор гузоранд.

Батукаев як чечен аст, ки соли 2006-ум бо ҷурми доштани нақш дар куштори вакили мардумӣ ва мансабдори вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ба муддати наздик ба 17 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд.

Мақомоти қирғиз мегӯянд, моҳи апрел Батукаев аз зиндони Норин раҳо шуд, зеро додгоҳ бо ишора ба бемории лейкемия ҳукми раҳоии Батукаевро содир карда буд.

Рӯзи чоршанбе парламенти Қирғизистон иброз дошт, ки санади бемории Батукаев қалбакӣ будааст.
XS
SM
MD
LG