Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико - дар пешорӯи инқилоб дар бозори маводи сӯхт


Даниэл Йергин

Даниэл Йергин

Бино ба гузориши ахири Ожонси байналмилалии энержӣ, дар 5 соли оянда Амрикои Шимолӣ, ба хусус ИМА, ба содиркунандаи умдаи нафт табдил ёфта, бозори ҷаҳонии маводи сӯхтро комилан тағйир медиҳад.


Даниэл Йергин - коршиноси соҳаи нафт ва барандаи ҷоизаи Пулитзер барои китоби “Талоши бостонӣ ба хотири нафт, пул ва нерӯ” бар ин ақида аст, ки олам доимо дар орзуи дарёфти манбаъи барқароршавандаи нерӯст. ИМА ҳамин тавр, алакай содироти гази садафӣ(сланец) ба баъзе кишварҳои осиёиро оғоз намудааст. Дар як сӯҳбати вижа бо Радиои Озодӣ Йергин гуфт:

“Ба фикрам, аз ин такон касе ба даҳшат намеояд. Аз соли 2008 ба ин тараф тавлиди нафт дар ИМА 43 дар сад бештар шудааст. Танҳо афзоиши тавлиди нафт дар ИМА ба ҳаҷми умумии тавлиди нафт дар кишвари африқоии Нигерия баробар шудааст. Ҳамин тариқ, ин инқилобе, ки ҳоло дар Амрикои Шимолӣ ҷараён дорад, бозори ҷаҳонии нафтро тағйир медиҳад.”

Озодӣ: Пас оё метавон гуфт, ки ИМА аз кишвари воридкунандаи нафт ба содиркунандаи маводи сӯхт табдил меёбад ва аҳамияти стратегии амнияти Халиҷи Форс коҳиш хоҳад ёфт?

Йергин:
“Ҳатто дар ҳамон солҳои ҳафтодуми қарни гузашта назми минтақаи халиҷи Форс ва таъмини маводи сӯхт аз ин гӯшаи олам қабл аз ҳама барои назму суботи иқтисоди ҷаҳонӣ аҳамият дошт. Имрӯз ҳамагӣ 8 дар сади нафти ИМА аз Халиҷи Форс содир мешавад. Дар иртибот бо минтақаи Халиҷи Форс нигаронӣ асосан ба иқтисоди саросарӣ марбут аст. Ба фикри ман афзоиши тавлиди нафт дар ИМА, ҳамчунон афзоиши тавлиди нафт дар Канада ва Бразилия нимкураи ғарбӣ ва ИМА-ро солҳои оянда аз содироти нафт комилан халос хоҳад кард.”

Озодӣ: ИМА аз тавлиди гази садафӣ (сланцевий газ) интизороти бузург дорад. Аммо баъзе кишварҳо, чун Фаронса таъкид мекунанд, ки бо об шикоф намудани санг ва тавлиди газ бо ин навъи фанновариҳои муосир ба табиат зарар мерасонад. Дар ин бора чӣ назар доред?

Йергин:
“Даҳ сол пеш тавлиди газ аз санг ҳамагӣ 2 дарсади тавлиди умумии гази табиӣ дар ИМА-ро ташкил медод. Ҳоло ин рақам ба 40% расидааст. Ман узви комиссияи омӯзиши таъсири гази садафӣ ба муҳити зист будам. Хулосаи комиссия ин буд, ки дар ин раванди ҳассоси истеҳсолӣ ҳалли чандин масъалаи муҳим ва назорати иҷрои он зарур аст. Феълан назорати тавлиди гази садафӣ дар дасти аёлатҳост. Аммо мушкил ҳалшаванда аст ва маҳз аз ҳамин сабаб имрӯз тавлиди гази садафӣ ба 40 дарсади тавлиди умумии газ дар ИМА мусовӣ шудааст.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG