Пайвандҳои дастрасӣ

Русия медалҳои олимпиадаро намоиш дод


 Медалҳои бозиҳои олимпии зимистони соли 2014

Медалҳои бозиҳои олимпии зимистони соли 2014

Русия медалҳои бозиҳои олимпии зимистони соли 2014-умро, ки дар шаҳри Сочии РУсия доир хоҳанд шуд, намоиш дод.

Кумитаи ташкилии бозиҳои олимпии Сочӣ 1300 медал истеҳсол намудааст.

Диаметри медалҳо 100 милиметр ва барашон 10 милиметрро ташкил медодааст.

Барои тавлиди медалҳои қаҳрамонони бозиҳои олимпӣ 3 килограмм тило масраф шудааст.

Дар рӯи медал рамзи бозиҳои олимпӣ наққошӣ шуда, номи навъи варзиш бо забонҳои русӣ, англисӣ ва фаронсавӣ навишта шудааст.
XS
SM
MD
LG