Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оилаи Сангов аз ВУД ҷуброн хоҳад гирифт


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бояд ба оилаи Сафаралӣ Сангов беш аз 46 ҳазор сомонӣ ё худ тахминан 10 ҳазор доллар ҷуброн супорад.

Хабаргузории Азия плюс аз қавли Гурлчеҳра Холматова-вакили мудофиаи оилаи Сангов изҳор овардааст, ки додгоҳи Душанбе ҳукми ноҳияи Синои пойтахтро бетағйир гузошт.

Дар моҳи марти соли ҷорӣ Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро муваззаф кард, ки ба хонаводаи Сафаралӣ Сангов, як сокини Душанбе беш аз 46 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт намояд.

Ин маблағ ба унвони ҷуброни маънавии марги Сафаралӣ Сангов таъйин шудааст, ки моҳи марти соли 2011 бо ҷароҳатҳои вазнин аз шӯъбаи дувуми милисаи ноҳияи Сино ба бемористон оварда шуд, аммо баъди 4 рӯз даргузашт.

Пайвандонаш марги ӯро натиҷаи шиканҷа ва латукӯб медонанд.
XS
SM
MD
LG