Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони аргентинӣ Эронро муттаҳам мекунад


Додситонии Аргентина Эронро бо кӯшиши пайдо намудани нуфуз дар ин кишвари Амрикои Ҷанубӣ муттаҳам намуда, таъкид кардааст, ки ҷумҳурии исломӣ мехоҳад шабакаҳои иктишофӣ барои амалӣ намудани ҳамлаҳои террористӣ дар ин қитъаи олам танзим диҳад.

Алберто Нисман дар гузашта мансабдорони эрониро бо ташкили ҳамла болои маркази яҳудии шаҳри Буэнос Айрес, ки ҳаёти 85 нафарро аз байн бурдааст, айбдор карда буд.

Рӯзи чоршанбе Нисман изҳороте пахш намуда, гуфт, Муҳсин Раббонӣ, собиқ атташеи фарҳангии сафорати Эрон дар Аргентина, ки ҳамзамон муттаҳам дар ташкили ҳамлаи соли 1994 аст, беш аз 20 сол ба хотири ташкили шабакаҳои иктишофӣ дар Бразилия, Парагвай, Уругвай, Чилӣ, Колумбия, Гвиана, Суринам ва Тринидаду Тобаго талош варзидааст.

Эрон иттиҳоми ташкили ҳамлаи соли 1994-умро рад намуда, сафираш аз Аргентинаро бозхондааст.
XS
SM
MD
LG