Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА мехоҳад Ҳизбуллоҳ аз Сурия берун шавад


Дар сӯҳбат бо телевизиони лубнонии ал-Манор президенти Сурия Башор ал-Асад гуфтааст, ки ин кишвар аввалин бахши пойгоҳҳои пешрафтаи зиддиҳавоии истеҳсоли Русия (S- 300)ро дастрас кардааст.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи чоршанбе департаменти давлатии ИМА аз Ҳизбуллоҳи Лубнон хост, ки фавран силоҳбадастонашро аз қаламрави Сурия берун кашад.

Сухангӯи департаменти давлатии ИМА хонум Ҷен Псакӣ мегӯяд, ирсоли ҷангандаҳои ҳизбуллоҳ ба Сурия амали хатарнок ва ғайри қобили қабул аст:

Мо аз Ҳизбуллоҳ талаб дорем, ки фавран ҷангандаҳояшро аз Сурия бозхонад. Мо аз гузоришҳо дар бораи убури бисёркаратаи марз дар рӯзҳои ахир нигарон ҳастем. Мо ҳамчунон ҳамла болои посгоҳи артиши Лубнон дар канори минтақаи Арсалро, ки боиси фавти се аскар шудааст, маҳкум мекунем.”

Вазири корҳои хориҷии Сурия Валид ал-Муаллим иброз доштааст, ки президенти кунунии Сурия Башор ал-Асад ҳадди ақалл то интихоботи ояндаи президентӣ дар соли 2014-ум дар сари қудрат боқӣ мемонад ва эҳтимол бори дигар барои ишғоли курсии президентӣ талош варзад.

Аммо Эътилофи миллии Сурия, ки гурӯҳи асосии мухолифи режими Сурия мебошад, гуфтааст, ки дар конфронси суилҳи зери сарпарастии СММ фақат дар сурате ширкат меварзад, ки президент Асад ва наздиконаш аз раванди сиёсӣ хориҷ бошанд.
XS
SM
MD
LG