Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар Ҷоми Каспий дар Боку 29-уми май аз тими Уругвай бо ҳисоби бузурги 0:3 шикаст хӯрд.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ дар пойтахти Озарбойҷон бо ширкати 12 даста ҷараён дорад. Дастаҳо ба чор гурӯҳ тақсим шудаанд. Футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузуки дар гурӯҳи худ 30-юми май бо мунтахаби Ҷопон бозӣ хоҳанд кард.

Гурӯҳи А: Озарбойҷон, ИМА, Қирғизистон.
Гурӯҳи B: Булғористон, Гурҷистон, Қазоқистон.
Гурӯҳи C: Туркия, Узбакистон, Урдун.
Гурӯҳи D: Уругвай, Ҷопон, Тоҷикистон.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои аввалро мегиранд, муборизаро барои ҷом идома медиҳанд. Дастаҳое, ки ҷойҳои дувумро мегиранд, барои ҷойҳои 5-8-ум ва дастаҳои дар гурӯҳҳо ҷойҳои охиринро ишғолкарда барои ҷойҳои 9-12-ум талош хоҳанд кард.

Тақвими бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Каспий

29-уми май, чоршанбе


Уругвай – Тоҷикистон – 3-0
Голҳо: Перез, 4, 39, Рамизер, 24
Туркия – Урдун -4-0
Булғористон – Қазоқистон
Озарбойҷон – Қирғизистон

30-юми май, панҷшанбе

Қазоқистон – Гурҷистон
ИМА – Қирғизистон
Тоҷикистон – Ҷопон
Урдун – Узбакистон

1-уми июн, шанбе

Ҷопон – Уругвай
Узбакистон – Туркия
Гурҷистон – Булғористон
Озарбойҷон - ИМА

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Каспий барои бори дувум ширкат меварзад. Футболбозони навраси тоҷик соли 2011-ум дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки бо ширкати 8 даста дар ду гурӯҳ баргузор шуда буд, дар ҳар се бозии гурӯҳи “В” аз тимҳои Испания бо ҳисоби 0:6, аз Гурҷистон бо ҳисоби 0:3 ва аз Қазоқистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда, аз ҳаққи мубориза барои Ҷом маҳрум гашта буд. Дар рақобат барои ҷойи 7-ум дастаи Тоҷикистон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб шуда буд.

Ду сол муқаддам дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дастаи мунтахаби наврасони Туркия, ки дар бозии ниҳоӣ бар тими Испания аз рӯи силсилаи зарбаҳои пеналтӣ бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуда буд, барандаи Ҷоми Каспий гардид. Замони асосӣ ва изофии ин бозӣ бидуни гол хотима ёфта буд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG