Пайвандҳои дастрасӣ

Идораи вогиршиносӣ дар минтақаи Кӯлоб барои эҳтиёт аз неши канаи тропикӣ ба сокинон ҳушдор медиҳад.

Пас аз як рӯзи неш задании ин ҳашарот аз даҳону бинӣ ва ҳатто гушу чашмони инсон хун ҷорӣ мешавад, ки ин аломати табиби хунин ё хунрез дониста мешавад. Ин навъи ҳашарот, ки дар мавзеҳои алоҳидаи ноҳияи Шӯрообод, Темурмалик, Балҷувон ва Фархор вуҷуд дорад, дар охири баҳору аввали тобистон сокинонро неш мезанад.

Ҳушдори Идораи вогиршиносӣ дар ҳолест, ки ахиран Сунатуллои Сироҷиддин, навраси 12-солаи сокини деҳаи Чагами ноҳияи Шӯрообод бо аломати бемории таби хунин дар беморхонаи сироятии Кӯлоб бистарӣ шудааст.

Ҷумъахон Холмуродов, пизишки Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, наздикони ин наврас низ ташхис ва чанд муддат дар беморхона бистарӣ шуданд, зеро ин беморӣ зудсироятшаванда ҳаст: «Агар қоидаҳои гигиенӣ риоя нашавад, ин беморӣ зуд ба атрофиён сироят мекунад. Дар ҳолати ба дигар нафар сироят кардан, ин вирус боз хатарноктар мешавад. Ин беморӣ аз ҷумлаи бемориҳои ниҳоят хатарнок аст ва ҳатто пизишконе, ки ба сироятёфтагон сару кор мегирад, бояд либосҳои махсус ба бар кунад.»

Дар деҳаи Чагами ноҳияи Шӯрообод соли гузашта низ як сокин ва ду пизишки маҳаллӣ ба ин навъи беморӣ гирифтор шуда буданд. Ду соли пеш аз ин беморӣ ду сокини ноҳияи Фархор ва ду сокини ноҳияи Темурмалик ҷон дода буданд.

Саид Аламов, сардори Идораи вогиршиносӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, хатар дар он аст, ки инсон неш задани ин навъи ҳашаротро ба зудӣ эҳсос намекунад ва аксари пизишкон низ дар шинохти аломатҳои ин беморӣ мушкилӣ мекашанд, ки ин боиси сироят ёфтани худи пизишкон низ мегардад. Аз ин рӯ Аламов мегӯяд, ҳоло онҳо дар мавзеъҳое, ки манбаъи сироятӣ ин беморӣ ҳаст бо сокинон ва пизишкони маҳаллӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд:

«Дар натиҷаи санҷишҳои мо маълум шуд, ки афроди сироятёфта аз ин беморӣ бо чорпоён сару кор доранд ва ҳолатҳои санитарии хуб дар ҷои зисташон мавҷуд нест. Ҳолатҳое ҳаст, ки сокинон газидани канаро рад мекунанд, зеро онҳо эҳсос намекунанд. Агар як нафар бо чунин аломат пайдо шавад, мо ҳатман атрофиёни ӯро низ маҷбурӣ бистарӣ мекунем, зеро дар сурати бистарӣ накардан хавфи паҳн шудан ва сирояти бештари сокинон вуҷуд дорад.»

Сокинон мегӯянд, дар замони Шӯравӣ гирифтори ин беморро аз кӯҳистон тариқи чархбол ба шаҳр меоварданд ва онро дар Маскав ба табобат фаро мегирифтанд. Бурихон Сафолов, як сокини куҳансоли Шӯрообод мегӯяд, ёд дорад, ки замони Шӯравӣ чун як чупон ё сокин дар кӯҳистон ба ин беморӣ гирифтор мешуд, дар зудтарин фурсат чархбол ба ҷои ҳодиса ҳозир мешуд. Ҳар сол гирифтор шудани сокинон ва сироят ёфтани атрофиёнро ин сокин ба ҳолати нохуби хидматрасонӣ ва ноогоҳии сокинон рабт медиҳад.

Бистарӣ шудани як наврас бо аломатҳои таби хунин дар Кӯлоб аввалин ҳодисаи сабти ин беморӣ дар минтақаи Кӯлоб дониста мешавад. Соли гузашта низ 8 сокини минтақаи бо чунин беморӣ бистарӣ шуда буд. Ҳушдори идораи вогиршиносӣ ба хотири эҳтиёт аз ин беморӣ ҳам дар ҳолест, ки ду соли пеш се пизишки баландихтисос ва як сокини маҳаллӣ дар Ҳисор аз ин беморӣ ба ҳалокат расида буданд.
XS
SM
MD
LG