Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ба Иттиҳоди Гумрукӣ мепайвандад


Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, эълон кард, ки Қирғизистон ба Иттиҳоди Гумрукӣ мепайвандад ва Украина мақоми нозир дар ин созмонро хоҳад дошт. Нурсултон Назарбоев, дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе ва пас аз нишасти сарони ин иттиҳод дар шаҳри Остона сухан гуфт. Қазоқистону Русияву Белорус шомили Иттиҳоди Гумрукӣ ҳастанд. Ӯ афзуд, ки мутахассисон нақшаи ба узвияти иттиҳод пазируфтани Қирғизистонро таҳия мекунанд ва санадҳои мақоми нозир додан ба Украина то тирамоҳи имсол таҳия мешавад. Дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Гумрукӣ ҳамчунин роҳҳои ҳамгироии бештар ва таъсиси Иттиҳодияи Иқтисодии Авруосиё то соли 2015 баррасӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG