Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консерти Stooges Brass Band дар Душанбе


Рӯзи 29 май дар Гӯшаи Амрикоии Китобхонаи миллии Тоҷикистон консерти гурӯҳи мусиқинавозони асбобҳои нафасии Амрико баргузор шуд. Гурӯҳи Stooges Brass Band аз Ню-Орлеан рӯзи якшанбе вориди Душанбе шуда, то 4 июн дар Тоҷикистон хоҳад монд. Ҷон Паркенс, раҳбари ин гурӯҳи амрикоӣ ба хабарнигорон гуфт, ки муддати чанд рӯзи ахир дар навоҳии Қумсангири вилояти Хатлон ва Панҷакенти вилояти Суғд консертҳо доир карданд. Вай ҳадафи сафари гурӯҳаш ба Тоҷикистонро қабл аз ҳама ошноӣ ва баъдан муаррифии мусиқии амрикоӣ барои ҷавонони тоҷик унвон кард. Консерти асосии ин гурӯҳ шоми 30 май дар толори ВЕФА Сентри Душанбе баргузор мешавад ва вуруд ба ин чорабинӣ маҷҷонист.
Stooges Brass Band 16 сол боз фаъолият доштааст.
XS
SM
MD
LG