Пайвандҳои дастрасӣ

Пешвоёни собиқи босниҳои Хорватияро зиндонӣ карданд


Додгоҳи Созмони Милал 6 тан аз раҳбарони низомӣ ва сиёсии Босниҳои Хорватияро бо гуноҳи иртикоби ҷиноятҳои ҷангӣ дар ҷанги Босния дар солҳои 1990 ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард. Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноятҳои Ҷангӣ барои Югославияи собиқ рӯзи чаҳоршанбе барои ин афрод аз 10 то 25 соли зиндон ҷазо таъйин кард. Ҷазои сахттаринро ба Ядранко Прлич, пешвои сиёсии босниҳои Хорватия доданд доданд. Ӯ ва панҷ ҳамроҳи дигараш ба таъқибу, қатлу азияти мусулмонон ва рондани онҳо аз маҳалли зисташон ва ҳамчунин нобуд кардани як пули таърихии замони туркони усмонӣ дар шаҳри Мостар гунаҳкор дониста шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG