Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи дуввуми Толибони Покистонро куштаанд


Бино ба гузориши бахши покистонии Радиои Озодӣ, дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико ба Покистон Валӣ Раҳмон Маҳсуд, фармондеҳи дуввуми Толибони Покистон кушта шудааст. Дар ин бора манобеъи маҳаллӣ ва манобеъе аз дохили Толибон ба Радиои Машъал хабар додаанд. Валӣ Раҳмон Маҳсуд, муовини Ҳакимулло Маҳсуд, раҳбари Таҳрики Толибони Покистон дар ҳамлаи шаби гузашта дар рустои Чашмапул кушта шудааст. Ҳукумати Амрико барои иттилои арзишманд дар бораи паноҳгоҳи ҳарду раҳбари Толибони Покистон 5 миллион долларӣ подош таъйин карда буд. Валӣ Маҳсуд Раҳмонро тарҳрези ҳамлаи хунини соли 2008 ба меҳмонхонаи Мариот дар Исломобод медонанд, ки дар он ҳамла 50 нафар ҷон доданд. Дар ҳамлаи мушакии ҳавопаймойи бесарнишин чанд фармондеҳи дигари Толибон ҳалок шудаанд.
XS
SM
MD
LG