Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарони Иттиҳоди Гумрукӣ дар Остона мулоқот доранд


Дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, мулоқоти раҳбарони Созмони Иттиҳоди Гумрукӣ идома дорад, ки ба он созмон Русияву Белорус ва Қазоқистон шомиланд. Пеш аз ин мулоқот, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бо ҳамтои қазоқаш Нурсултон Назарбоев, доир ба ҳамкориҳои дуҷониба гуфтӯгу кард. Путин бо ситоиш аз ин ҳамкориҳо, Нурсултон Назарбоевро, «пешвои ҷараёнҳои ҳамгироӣ» дар минтақа хонд. Дар мулоқоти сеҷониба Путин, Назарбоев ва Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус, ба масъалаи ҳамгироии бештар ва барномаи таъсиси Иттиҳодияи Иқтисодии Аврупо то соли 2015 таммаркуз хоҳанд кард. Баъди ин нишаст, сарони се кишвар бо Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон ва Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина мулоқот мекунанд. Қирғизистон хоҳони пайвастан ба Иттиҳоди Гумрукист, вале Украина ҳоло танҳо мақоми нозирро мехоҳад.
XS
SM
MD
LG