Пайвандҳои дастрасӣ

Давлат бояд аввал зарари ҷабрдидаро пӯшонад


Яке аз биноҳои сохтаи ширкати "Мовароуннаҳр"

Яке аз биноҳои сохтаи ширкати "Мовароуннаҳр"

То ҳоло молу мулке, ки бо ҳукми додгоҳ мусодира мешуд, ба хазинаи давлат мерафт. Аз ин ба баъд, он бояд дар навбати аввал осеберо ҷуброн кунад, ки ба ҷабрдидагон расидааст, ва агар чизе монд, моли давлат хоҳад шуд.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 29-уми май ба банди 57-и Кодекси ҷиноии кишвар ба ҳамин маънӣ тағйир ворид карданд.

Насруллоҳ Маҳмудов
, вакили Маҷлиси намояндагон гуфт, бо ин тағйир қонуни ҷазои Тоҷикистон бо сарқонуни кишвар ҳамоҳанг гардид. Ӯ аз ҷумла гуфт, «дар ҳолатҳое, ки агар шахси гунаҳгор маблағеро, ки дар натиҷаи ҷинояти содиркардааш ба шаҳрванд ва ё ягон ташкилоти дигар зарар расондааст, пардохта натавонад, аз амволи мусодирашуда аввал маблағи ҷабрдида пардохт ва боқимонда ба фоидаи давлат вогузор мегардад. »




Ҳамчунин тағйире, ки вакилон ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ворид карданд, миқдор ва анвои дороии мавриди мусодираро рӯшан ва дақиқтар мекунад. Агар дар гузашта миёни моликияти дуздидашуда ва ҳаққи ҳалоли маҳкумшудагон фарқе гузошта намешуд, акнун ҳангоми тафтиши парванда ин шарт ҳам ҷой хоҳад дошт, ки қадом бахши моликияти шахси муттаҳам бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст омадааст.


Насруллоҳ Маҳмудов

Насруллоҳ Маҳмудов

Оқои Маҳмудов гуфт: «Як нуктаи дигар ин аст, ки теъдоди ашёҳое, ки мавриди мусодира қарор мегиранд, то андозае маҳдуд карда шудаанд. Яъне ҳоло фақат маблағҳои пулӣ, арзишҳо ва молу мулке, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадааст ва маблағҳое, ки барои терроризм равона мешаванд, мусодира мегардад.»


Маҳмадалӣ Ватанов, вакили парлумони Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, то имрӯз дар Кодекси ҷиноии кишвар мусодираи амвол ҳамчун ҷазо танҳо дар нисбати афроде таъин мешуд, ки “ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин” содир кардаанд ва ҳамчунин ин намуди ҷазо новобаста ба он, ки даромади пулӣ ба даст оварда шудааст ё не, татбиқ мегардид.Ҷаноби Ватанов гуфт, дар лоиҳаи нави қонун 71 моддаи кодекси ҷиноӣ нишон дода шудааст, ки дар натиҷаи содир кардани онҳо даромадҳо бо роҳи ҷиноят ба даст оварда маҳсуб меёбанд ва он маблағҳое, мусодира мегарданд: «Ба чунин ҷиноятҳо куштор бо мақсадҳои ғаразнок, одамрабоӣ, заминфурушӣ, ҷалб кардан ба меҳнати иҷборӣ, сӯъиистифода аз мансаб ё гирифтани пора, фурӯши маводи мухаддир ва аслиҳа, ҷиноятҳои вобаста ба андоз ва ғайра дохил мешаванд. Агар шахсе чунин маблағҳои ғайриқонунӣ ва ҳам қонуниро якҷоя карда, барои тиҷорат истифода кунад ваё хона харад, он гоҳ аз шахси ҷавобгар маблағе, ки баробар ба арзиши ҳамин қисми молу мулк аст, ситонида мешавад.»

Ба ақидаи ҷаноби Ватанов, ин дигаргуниҳо ба он хотир зарур шудаанд, ки аз ҷиноятҳои вазнин ва махсусан ҷиноятҳои сахте ба хотири сармояи бузург ҷилавгирӣ ба амал ояд.

Тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ дафъатан мавриди омӯзиши вакилони дифоӣ, додрасҳо ва ҳуқуқшиносон қарор ёфтаанд. Бархе аз онҳо мегӯянд, ин дигаргуниҳо барои адлияи Тоҷикистон хеле муҳиманд. Зеро то имрӯз дороии афроди гунаҳкор ба фоидаи давлат мусодира мешуд, вале шахсон ё корхонаҳое, ки аз аъмоли ҷиноии ин шахс зиён дидаанд, ба истилоҳ, “ду даст дар бинӣ” мемонданд. Бархе аз ҳамсуҳбатони мо қазияи “мӯҳра-бизнес”-ро ба ёд меоранд, ки ҳазорон нафар аз ҷабрдидагони он натавонистанд маблағҳои гоҳе хеле бузурги худро бозпас гиранд.

Чунин намунаҳо дар таҷрибаи адлияи Тоҷикистон зиёданд, вале гуфта мешавад, пурсарусадотарин ва навтарини онҳо қазияи муштариёни ширкати “Мовароуннаҳр” аст, ки раҳбараш Ҷӯрабек Охунов ҳанӯз 3 сол пеш маҳкум ба зиндон шуд, вале муштариёни ин ширкат то ҳол натавонистаанд, ба манзилҳое, ки “Мовароуннаҳр” бояд барояшон месохт, даст биёбанд. Танҳо дар ҳафтаи гузашта, баъди онки зери 500 муштарии “Мовароуннаҳр” аз шаҳрдории Душанбе барои баргузории як гирдиҳамоӣ иҷозат пурсиданд, як додгоҳи пойтахт ҳукм баровард, ки манзилҳои нимсохти ин ширкатро ба фурӯш нагузоранд, балки қабл аз ҳама ба ин муштариён пешниҳод кунанд.

Баҳси шеваҳои мусодираи молу мулки афроди маҳкумшуда ҳамеша аз мавридҳои ҷанҷолбарангез дар низомии додгоҳии Тоҷикистон буд. Дар аксари маворид, амволи маҳкумшудагон ба фоидаи давлат мусодира мешуд, вале афроди алоҳида ё корхонаҳое, ки аз ин аъмоли ҷиноӣ зиён дидаанд, маъмулан “ду даст дар бинӣ” мемонданд ваё додгоҳ ҳукм мекард, ки ин зарар батадриҷ аз ҳисоби моҳонаи ночизе, ки нафари маҳкум тайи солҳои адои ҳукмаш дар маҳбас оё мегирад ё на, пардохта шавад. Ҳуқуқшиноси тоҷик Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд: «Чун усули як бому ду ҳаво татбиқ мегардид, бештари афроде, ки як муносибати хуб бо кормандони масъули давлатӣ доштанд ва дар заминаи муносибатҳои коррупсионӣ ба ҷиноят даст мезаданду амбисияи сиёсӣ надоштанд, кӯшиш мекарданд, ки ин гуна меъёрҳои қонунро нисбати онҳо татбиқ накунанд.»

Коршиносони дигар низ бар инанд, ки қазияи муштариёни ширкати “Мовароуннаҳр” як навъ ангезандаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон шудааст.

Аммо Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар парлумон гуфт, Тоҷикистон аз соли 2004 ба ташкилоти минтақавии муқовимат бо шустушӯи пул (FATF) пайвастааст. Дар соли 2007-ум ба далели мутобиқ набудани қонунгузории кишвар ба талаботи ин созмон Тоҷикистон бо қарори бахши авруосиёии FATF таҳти реҷаи мониторинги қатъӣ қарор гирифт. Ҳоло, ба гуфтаи Абдуҷаббор Ширинов, бо тағйироти воридшуда ба қонуни ҷиноӣ, Тоҷикистон метавонад аз ин “рӯйхати сиёҳ” берун шавад.
XS
SM
MD
LG