Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вируси нав дар пешорӯи сафари зоирони тоҷик ба Ҳаҷҷ


Назорати беҳдоштӣ дар марзҳои Тоҷикистон ба далели хуруҷи “синдроми роҳҳои нафаси Ховари Миёна” пурзӯр шудааст.Аммо рӯшан нест, зоирони тоҷик дар сафари Ҳаҷҷ аз ин беморӣ чӣ гуна ҳифз хоҳанд шуд?


Ин маризӣ бо номи короно-вирус ҳам маъруф аст. Холмаҳмад Назаров, иҷрокунандаи вазифаи раҳбари Хадамоти беҳдоштии Тоҷикистон рӯзи 29-уми май ба Озодӣ гуфт: “назорат дар аэропорт ва дигар ҷойҳо пурзӯр шудааст. Аммо мо то ба ҳол ин вирусро дар ҳуддуи ҷумҳурӣ пайдо накардаем ва дар мавриди ин вирус аз матбуоту телевизион огоҳӣ ёфтем. Аммо муовини раиси хадамоти санитарӣ оид ба эпидемиология Наврӯз Ҷаъфаров ба як ҳамоиши махсус доир ба хуруҷи ин вирус озими Туркия шудаанд ва пас аз натиҷаҳои ин ҳамоиш мо чорабиниҳои худро дар росто дучанд хоҳем кард.”

Ҷаноби Назаров ҳама гуна ҳадсу гумонро дар бораи он ки беморӣ мумкин аст, сабаби лағви сафари имсолаи Ҳаҷҷи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ шавад, бановақт номид.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00
Линки мустақим


Дар ҳамин ҳол, раҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт Маргарет Чан вируси навро таҳдиди ҷаҳонӣ ба инсоният унвон карда, гуфтааст, ки суръати густариши вирус ва маълумоти нокофӣ дар бораи он мояи нигаронии ҷиддӣ шудааст. Ин вируси ношинос, ки аз он MERS-CoV ё синдроми “Синдроми роҳҳои нафаси Ховари Миёна” ном мебаранд, то ҳол иллати марги беш аз 15 нафар дар Арабистони Саудӣ шудааст. Охирин мавриди марг аз ин вирус 20 май сабт шудааст.

Вирус ба кишварҳои дигари Ховари Миёна, Урдун, Қатар, Иморати Араб, кишварҳои аврупоии Олмон, Фаронса, Бритониё ва ҳатто ба кишвари Тунис дар Африқои шимолӣ сироят кардааст. Гуфта мешавад, манбаъи густариши он асосан зоироне ҳастанд, ки аз Макка зиёрат карданд.

Дар ҳамин ҳол, Мавлон Мухторов, муовини раиси кумитаи дини Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ инро ки хуруҷи вируси хатарнок дар Арабистони Саъудӣ метавонад монеъи сафари зоирони тоҷик шавад, рад кард ва гуфт, «мо тоза аз Арабистон баргаштем. Ин гуна гапҳо набуд. Ҳатто дар мулоқотҳои расмӣ бо мақомот ҳарфе дар ин бора матраҳ нашуд.»

Ба таъкиди ҷаноби Мухторов, нашри хабарҳо дар бораи хуруҷи вируси нав овозае беш нест, зеро ҳар сол чунин овозаҳо қабл аз сафари зоирон рӯ мезананд: «Солҳои пеш низ чунин гапҳо буд. Албатта, мо намедонем, ки ҳадафи ин овозаҳо чӣ аст, лекин сафари зоирони мо ҳатман сурат мегирад. Дар сафар ба Арабистон мавзӯъи Ҳаҷҷи зоирони тоҷик, умури омодагӣ, буду боши онҳо дар меҳмонхонаҳо ва дигар масоил матраҳ гардид.»

Вирус ба кишварҳои аврпуоӣ низ тавассути нафароне сироят кардааст, ки
сафарҳоеро ба Ховари миёна анҷом додаанд.

Манбаъи вирус то ҳол маълум нест. Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз кишварҳои ҷаҳон даъват кардааст, ки дар сурати ошкор шудани аломатҳои ин маризӣ табодули иттилоъ кунанд.

САРС ё вирусе, ки роҳҳои нафасро хароб мекунад, дар соли 2003 770 нафарро кушт. Шакли нави ин вирус, ки короно-вирус ва аз хешовандони САРС номаш мебаранд, имсол бори аввал дар Арабистони Саудӣ ошкор шуд.
XS
SM
MD
LG