Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои Ҳуқуқи Башар масъалаи Сурияро баррасӣ мекунад


Қарор аст, имрӯз Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал тарҳи қатъномаеро баррасӣ кунад, ки дар он Сурия барои ҷалби размандагони Ҳизбуллоҳи Лубнон ба ҷанг алайҳи шӯришиён маҳкум шудааст. Дар ин тарҳи пешниҳодии Амрикову Туркия ва Қатар ҳамчунин омадааст, ки ҳузури размандагони хориҷӣ дар Сурия “барои амнияти минтақавӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Размандагони созмони эронгарои Ҳизбуллоҳ моҳи равон дар тасарруфи шаҳри стротежики Қусайр дар марзи Лубнон ба нерӯҳои давлатии Сурия кӯмак карданд. Тарҳи қатънома дар нишасти Шӯрои Ҳуқуқи Башар дар шаҳри Женева баррасӣ мешавад ва дар он ҳамчунин аз мақомоти Сурия хостаанд, дастрасии бемамониат ва озоди Созмони Милал ва муассисаҳои имдодӣ ба тамоми мардуми осебдида аз ҷангро фароҳам кунад.
XS
SM
MD
LG