Пайвандҳои дастрасӣ

Бюрои кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) боз як бозии даври 9-уми мусобиқаи лигаи олиро ба муҳлати дигар гузаронд.

Дар тасмими ФФТ гуфта мешавад, ки бо сабаби гузаронидани бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Афғонистон 4-уми июн дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа, бозии ССКА “Помир”-и Душанбе - “Хайр”-и Ваҳдат аз 1-уми июн ба 31-уми май гузаронида шуд. Бозии ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои номбурда 30-юми май баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ФФТ аз ин пеш ду бозии даври 9-умро байни дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд - «Истиқлол»-и Душанбе аз 2-юми июн ба 29-уми май ва «Равшан»-и Кӯлоб - «Вахш»-и Қӯрғонтеппа аз 2-юм ба 7-уми июн гузаронида буд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Истиқлол» 6 6 0 0 17-2 18
2. «Равшан» 6 6 0 0 12-2 18
3. «Регар-ТадАЗ» 6 3 1 2 6-7 10
4. «Хайр» 6 2 2 2 9-7 8
5. «Хуҷанд» 6 2 2 2 5-4 8
6. «Вахш» 8 2 2 4 4-8 8
7. «Энергетик» 6 2 1 3 4-6 7
8. «Парвоз» 7 2 1 4 4-12 7
9. ССКА «Помир» 6 0 3 3 1-6 3
10. «Истаравшан» 7 0 2 5 3-11 2

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев («Истиқлол») – 5 тӯб, Юҷин Сепуйя («Истиқлол»), Нӯъмонҷон Ҳакимов (“Равшан”), Ҳусейни Сӯҳробӣ («Хайр») – 3-тӯбӣ.

29-уми май, чоршанбе
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Истиқлол» - «Хуҷанд» - бозии даври 9-ум. Душанбе, майдони сунъии Варзишгоҳи марказӣ.
“Регар-ТадАЗ” – “Равшан” – бозии даври 3-юм. Турсунзода, варзишгоҳи “Металлург”.

Даври 9-ум
30-юми май (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 17.00

«Парвоз» - «Энергетик». Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ».

31-уми май (ҷумъа)
Оғози бозӣ – соати 17.00
ССКА «Помир» - «Хайр». Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиа.

7-уми июн (ҷумъа)
Оғози бозӣ – соати 17.30
«Равшан» - «Вахш». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.

Даври 10-ум
8 июн (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17.30
«Истиқлол» - «Истаравшан». Душанбе, майдони сунъии Варзишгоҳи марказӣ.

«Хайр» - «Хуҷанд». Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр».

«Регар-ТадАЗ» - «Парвоз». Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург».

9 июн (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 17.30
«Энергетик» - ССКА «Помир». Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор».

Даври 11-ум
15 июн (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17.30
ССКА «Помир» - «Регар-ТадАЗ». Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиа.

«Хуҷанд» - «Энергетик». Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”.

«Равшан» - «Истиқлол». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.

16 июн (якшанбе)
Оғози бозӣ - соати 17.30
«Истаравшан» - «Хайр». Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG