Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгаре ки порае аз ҷигари худро фидои модар кард


Мустафо Саодат

Мустафо Саодат

Ин ҷасорат ва ҷавонмардии варзишгари маъруфи афғон шӯҳраташро миёни мардум даҳчанд кардааст.

Мустафо Саодат солҳо боз дар маркази таваҷҷӯҳ қарор дорад. Варзишгари номӣ дар синни 25-солагиаш нафақат қаҳрамон дар бахши киксбоксинг, балки ситораи регбӣ дар Афғонистон шуд. Вале тасмими ӯ барои наҷоти модар шӯҳраташро даҳчанд кард. Аввалҳои соли равон Мустафо Саодат тасмим гирифт, ки як бахши ҷигари худро ба модари маризаш бидиҳад. Рӯзи 15 феврал дар як бемористони хусусӣ дар Деҳлии нав, пойтахти Ҳиндустон, модару писар 17 соат ҷарроҳӣ шуданд. Амалиёт муваффақ анҷом ёфт ва акнун ҳарду дар ҳоли сиҳат ёфтананд.

Мустафо Саодат мегӯяд, ки дар бораи сафар ба Ҳиндустон барои амалиёти сангини ҷарроҳӣ ба осонӣ тасмим гирифтааст: «Ман ҷонамро фидои сари модар мекунам ва ба хотири шифои ӯ розӣ шудам, ки ҷигарамро ба ӯ эҳто кунам ва худамро хушбахттарин фарзанд дар дунё эҳсос мекунам.»


Мустафо Саодат меафзояд, ки баъд аз комилан сиҳат ёфтан ширкат дар бозиҳои регбиро идома хоҳад дод. Дастаи мунтахаби регбии Афғонистон ду сол пеш таъсис шуд ва Мустафо Саодат, ки дар қувваозмоиҳои байнулмилалии киксбоксинг соҳиби ҷоизаҳои зиёд шудааст, ба зудӣ ба яке аз ситораҳои регбӣ дар кишвар табдил гардид.

Асад Зиёр, раиси Федератсияи регбии Афғонистон, мегӯяд, мухлисон аз тасмими варзишгари маъруф барои эҳтои як пораи ҷигар ба модараш хуш истиқбол карданд. Ба гуфтаи ӯ, одамони зиёде барои ҳарчӣ зудтар шифо ёфтани Мустафову модараш дасти дуо мекушоданд ва аз ҷоннисорияш барои наҷоти модар ситоиш мекарданд.

Дар Афғонистон додани аъзои бадан ба фарди дигар маъмул нест ва бархе инро хилофи Шариати Ислом мехонанд.Асад Зиёр мегӯяд, нафароне ҳам буданд, ки дар Фейсбук ин кори Мустафоро ғайришаръӣ мехонданд, вале ӯ чунин шарҳҳои ифротиро аз саҳифааш пок мекард, то ба раванди табобати Мустафо халале ворид нашавад.

Абдулрауф Ҳиравӣ, раҳбари раёсати қавонин ва пажӯҳишҳои вазорати адлияи Афғонистон ҳам мегӯяд, ки «ҳар касе нафареро наҷот бидиҳад, мисли он аст, ки як дунёро аз марг наҷот додааст. Ҳамчун коре аз тарафи қаҳрамони мо Мустафо сурат гирифт ва он ҳатман таъсири мусбат дорад. Мардум ба ӯ арҷ мегузоранд, зеро кори ӯ комилан қобили ситоиш ва қобили он аст, ки аз ӯ ифтихор дошта бошем.»

Худи Мустафо Саодат мегӯяд, ки ҳадафи ӯ аз эътои як пора ҷигари худ ба модараш шунидани таҳсину ситоиш ва ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеъа набуд. Ӯ ду хоҳару се бародар дорад, вале чун бузургтарҳо аллакай оиладор ва хурдтарҳо хело ҷавонанд ва беҳтарин номзад барои кумак ба модар худи Мустафо буд.
Барои амалиёти ҷарроҳӣ, аз ҷумла, даъвати табибони шинохта ва хароҷоти сафар ба Ҳиндустону зиндагӣ дар он кишвар тақрибан 60 ҳазор доллар зарур буд. Аҳли хонавода бештари ин маблағро аз пайвандону дӯстон қарз гирифтанд.


Мустафо Саодат мегӯяд, қабл аз амалиёти ҷарроҳӣ ӯ ҳама ҷузъиётро бо табибон баррасӣ кард ва онҳо ваъда доданд, ки тайи як сол комилан сиҳат меёбаду ба майдони варзиш бармегардад.

Ба гуфтаи Асад Зиёр, алҳол Федератсияи регбӣ бо Мустафо гуфтушунид дорад, ки то пурра ба по хестанаш ҳамчун мураббӣ ё мушовир дар тарбияи варзишгарони ҷавон саҳм бигирад. Ӯ меафзояд, «Мустафо истеъдоди ҷалбу дар канори худ нигаҳ доштани одамонро дорад ва мо мехоҳем, ки ба варзишгарон машварат диҳад. Мо ба ҳузури ӯ сахт ниёз дорем.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG