Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси вазъи Афғонистон дар шаҳри Бишкек


Дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар нишасти ғайрирасмие ҳамкориҳои низомӣ ва авзоъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд. Николай Бордюжа, дабири кулли ин паймон дар ин бора гуфт:" Мо чораҳои ба ҳадди мумкин кам кардани оқибатҳои манфии бад шудани эҳтимолии авзоъ дар Афғонистон пас аз соли 2014- ро баррасӣ кардем." Ӯ ҳамчунин афзуд, ки сарони кишварҳои узв қарорҳои мушаххасе дар бораи шеваҳои мусоидат ба таъмини субот ба Афғонистон қабул кардаанд. Қарор аст, нерӯҳои хориҷӣ то поёни соли 2014 аз он кишвар хориҷ шаванд. Дар нишасти мазкур, ба истинои раҳбарони Арманистону Белорус, раҳбарони Русияву Тоҷикистон, Қирғизистону Қазоқистон ҳузур доштанд.
XS
SM
MD
LG