Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли ҳафт маъмури пулиси афғон дар Қандаҳор


Мақомоти маҳаллӣ дар Афғонистон мегӯянд, ду ҷангҷӯи Толиб дар як шоми рафиқона, ҳафт маъмури пулисро дар вилояти Қандаҳор куштаанд. Ҳоҷӣ Абдул Ғанӣ, раиси ноҳияи Арғистон, маҳалли ин ҳодиса гуфт, ки маъмурони пулис, ҳамлаваронро мешинохтаанд ва зоҳиран онҳоро онҳоро барои хӯрдани шом ба посгоҳи худ даъват карда буданд. Ба гуфтаи Абдул Ғанӣ, ҷангҷӯёни Толиб, баъди куштани маъмурони пулис аслиҳаву мошини онҳоро гирифта ва ҷойи ҳодиса гурехтаанд. Як афсари пулиси дигар дар ин ҳамла сахт маҷрӯҳ шудааст. Толибон бо нашри баёнияе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтанд.
XS
SM
MD
LG