Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвими соли 2013 бо акси Эмомалӣ Раҳмон. Аммо чаро дар моҳи май?


Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон(ҲХДТ) дар миёни сокинони вилояти Хатлон тақвим ва варақаҳои таблиғотӣ паҳн мекунад.

Ин варақаҳои таблиғотӣ бо аксҳои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ин ҳизб ва президенти кунунии кишвар бо навиштаҷоти ташвиқотӣ аз ҷониби ихтиёриёни ин ҳизб ба сокинон расонида мешаванд.

Паҳн кардани чунин тақвиму варақаҳо дар ҳолест, ки 5 моҳ пас дар Точикистон интихоботи президентӣ баргузор мешавад, вале ҳоло расман маъракаи ташвиқу тарғибот шурӯъ нашудааст. Аз ин рӯ, коршиносон ин амалро як навъ тарғиботи пешазинтихоботии номзади ҳизби ҳоким унвон мекунанд. Онҳо аз ҷумла ин нукта ишора мекунанд, ки агар ғараз ташвиқи номзади ҳизби ҳоким намебуд, дар поёни моҳи май, вақте қариб нисфи сол алакай гузаштааст, тақсим кардани тақвимҳои соли 2013 чӣ маънои дигар дошта метавонад?


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:24 0:00
Линки мустақим


Аммо Аҳмадҷон Ализода, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Хатлон паҳн кардани тақвиму варақаҳоро як кори маъмулии ҳизбӣ медонад. Ӯ мегӯяд, ҳар ҳизб дар Тоҷикистон бар асоси қонун иҷоза дорад, ки ҳадафҳои худро ба мардум бирасонад ва ҳоло ҲХДТ танҳо аз ин ҳаққи худ истифода мекунад.
Ҷаноби Ализода дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт: «Ҳизби мо ба мардум ин ҳадафҳоро ба ҳар роҳ мерасонад. Ин ягон ҷои тааҷҷуб надорад. Аввали ҳар сол тариқи тақвимҳо ва дар миёнаҳои сол ба шакли буклет мо ҳадафҳои худро миёни мардум таблиғ мекунем. Мо ин буклету тақвимҳоро аз тариқи аъзову ҳаводорони ҳизб ба мардум мерасонем. Ин яке аз роҳҳои расонидани ҳадафҳост. »

Паҳн кардани чунин ташвиқномаҳо дар ҳолест, ки ба ҷуз ҲХДТ дигар ҳеҷ ҳизби сиёсӣ чунин амал намекунад. Бархе намояндагони аҳзоби сиёсие, ки дар Хатлон намоянда доранд, мегӯянд, мушкили молӣ ба онҳо иҷоза намедиҳад, то аз чунин шеваи тарғиботӣ истифода баранд.


Муҳаммадшариф Набиев
Муҳаммадшариф Набиев
Аммо Муҳаммадшариф Набиев, раиси ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ(ҲНИТ) дар минтақаи Кӯлоб, ки имкони молии паҳн кардани ташвиқномаҳоро дорад, мегӯяд, солҳои пештар онҳо мехостанд, аз чунин роҳ истифода кунанд, вале мақомот бо ҳар баҳона барояшон чунин иҷозаро надодааст. Ҷаноби Набиев мегӯяд, ҳоло ҳама гуна ташвиқро барои онҳо бо ҳар баҳона мамнӯъ кардаанд ва ҳатто сокинон метарсанд, ки дар чорабиниҳои ҲНИТ иштирок кунанд.

«Мо фикр мекунем, ки дигар ин ташвиқоти пешазинтихоботии ҳизби ҳоким аст, ки имрӯз ҳамаи имкониятҳоро танҳо онҳо истифода бурда метавонанд. Бубинед, ки мо дар чанд сол якум бор мебинем, ки ҲХДТ буклету варақа тақсим мекунад ва чорабиниҳои зиёд мегузаронад. Бигзор, ин ҳеҷ ишкол надорад, аммо чаро ба дигар аҳзоби сиёсӣ чунин имкониятро бо баҳонаҳои мухталиф намедиҳанд? Мо аз ин нигаронем, вагарна таблиғи ҳизб ҳеҷ ишкол надорад,» - мегӯяд раҳбари наҳзатиҳо дар минтақаи Кӯлоб.

Дар ҳоле ки то интихоботи президентӣ фурсати кам боқӣ мондааст, ба ҷуз ҲХДТ аҳзоби дигар аз худ ҳеҷ фаъолияте нишон намедиҳанд. Намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ дар Хатлон маъмулан танҳо бо иштирок дар чорабиниҳое, ки бо ибтикори Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо(САҲА) дар Тоҷикистон дар се моҳ як бор баргузор мешавад, иктифо мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ин чорабиниҳо ҳизбҳои сиёсӣ бештар мавзӯҳои иҷтимоиро баҳс мекунанд.

Бибихон Қандиева, раҳбари дафтари саҳроии САҲА дар Кӯлоб мегӯяд, онҳо танҳо ба намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ шароит муҳайё мекунанд ва интихоби мавзӯъи баҳс ба ихтиёри худи онҳост. Хонум Қандиева гуфт: «Мавзӯъи охирине, ки ҳизбҳо баҳс карданд, паст рафтани ахлоқи ҷавонон буд. Пештар дар мавзӯъи «Мубориза зидди ришвахорӣ» баҳс шуда буд. Мавзӯъи баҳсие, ки намояндагони ҳизбҳо интихоб карданд, «Таҳкими ваҳдатати миллӣ дар раванди демократикунонии ҷомеа» аст. Лекин намедонам, ки чаро мавзӯъи омодагӣ ба интихоботро барои баҳс интихоб намекунанд. Ҳама хомӯш аст. Танҳо намояндаи 1-2 ҳизб пешниҳод кард, ки аз ҷониби САҲА дар бораи равандҳои демократӣ, интихобот маводҳои таблиғотӣ нашр карда шавад.»

Дар навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба ҷуз ҳизби халқӣ-демократӣ ва Ҳизби наҳзати исломӣ дигар аҳзоб ҳузури чандон фаъол надоранд. Ба ҷуз ин ду ҳизб дигар аҳзоб дар бисёри маҳалҳо ҳатто дафтари корӣ надоранд ва ҳамеша аз мушкили молӣ шикоят мекунанд. Ба назар мерасад, ки пас аз фишорҳои зиёд ҲНИТ низ дар ин манотиқ як навъ хомӯширо ихтиёр кардааст ва танҳо ҲХДТ аст, ки ба ташвиқу тарғиботаш бемалол идома медиҳад. Аз ҷумла бо тақсим кардани тақвимҳои соли 2013 дар миёнаи сол.
XS
SM
MD
LG