Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони Тоҷикистон дар Ҷоми Каспий - Уругвай ва Ҷопон


Тими футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон
Тими футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Каспий дар Боку бо тимҳои Уругвай ва Ҷопон рақобат мекунад.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ дар пойтахти Озарбойҷон бо ширкати 12 даста аз 29-уми май то 6-уми июн баргузор мешавад. Дастаҳо ба чор гурӯҳ тақсим шудаанд. Футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузуки дар гурӯҳи худ 29-уми май бо тими Уругвай ва 30-юми май бо мунтахаби Ҷопон бозӣ хоҳанд кард.

Гурӯҳи А: Озарбойҷон, ИМА, Қирғизистон.
Гурӯҳи B: Булғористон, Гурҷистон, Қазоқистон.
Гурӯҳи C: Туркия, Узбакистон, Урдун.
Гурӯҳи D: Уругвай, Ҷопон, Тоҷикистон.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои аввалро мегиранд, муборизаро барои ҷом идома медиҳанд. Дастаҳое, ки ҷойҳои дувумро мегиранд, барои ҷойҳои 5-8-ум ва дастаҳои дар гурӯҳҳо ҷойҳои охиринро ишғолкарда барои ҷойҳои 9-12-ум талош хоҳанд кард.

Тақвими бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Каспий

29-уми май, чоршанбе


Уругвай – Тоҷикистон
Туркия – Урдун
Булғористон – Қазоқистон
Озарбойҷон – Қирғизистон

30-юми май, панҷшанбе

Қазоқистон – Гурҷистон
ИМА – Қирғизистон
Тоҷикистон – Ҷопон
Урдун – Узбакистон

1-уми июн, шанбе

Ҷопон – Уругвай
Узбакистон – Туркия
Гурҷистон – Булғористон
Озарбойҷон - ИМА

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Каспий барои бори дувум ширкат меварзад. Футболбозони навраси тоҷик соли 2011-ум дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки бо ширкати 8 даста дар ду гурӯҳ баргузор шуда буд, дар ҳар се бозии гурӯҳи “В” аз тимҳои Испания бо ҳисоби 0:6, аз Гурҷистон бо ҳисоби 0:3 ва аз Қазоқистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда, аз ҳаққи мубориза барои Ҷом маҳрум гашта буд. Дар рақобат барои ҷойи 7-ум дастаи Тоҷикистон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб шуда буд.

Ду сол муқаддам дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дастаи мунтахаби наврасони Туркия, ки дар бозии ниҳоӣ бар тими Испания аз рӯи силсилаи зарбаҳои пеналтӣ бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуда буд, барандаи Ҷоми Каспий гардид. Замони асосӣ ва изофии ин бозӣ бидуни гол хотима ёфта буд.
XS
SM
MD
LG