Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаби шеъри Озар дар Иттиҳодияи адибон


Озар (аз рост)
Озар (аз рост)
Рӯзи 28 май дар маҷлисгоҳи Иттиҳодияи адибони Тоҷикистон шаби эҷодии шоир Озар (Миралӣ Салимов) баргузор шуд.
Озар аз шоирони муваффақи насли ҷавон аст, ки дар офаридаҳояш тозакорӣ зиёд ба назар мерасад. Ӯ бештар дар жанри ғазал ва шеъри мудерн эҷод мекунад, аммо таркиби ғазалҳояш низ нав аст. Озар раиси Иттиҳодияи адибони водии Вахш ва раҳбари маҳфили адибони Қӯрғонтеппа аст. Ӯ аз ҷумлаи камтарин адибони муосири тоҷик аст, ки ҳукумат барояш хона ҳадя кардааст.
XS
SM
MD
LG