Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз амалкарди Иттиҳодияи Аврупо маъюс шудааст


Давлати Русия мегӯяд, лағви таҳрими фурӯши силоҳ ба Сурия аз тарафи Иттиҳодияи Аврупо ба дурнамои баргузории конфронси сулҳ дар он кишвар, мустақиман латма мезанад. Амрикову Русия талош доранд, моҳи оянда барои баррасии роҳҳои хотима додан ба хунрезӣ дар Сурия як конфронсе ташкил кунанд, аммо санаи дақиқе ҳанӯз эълон нашудааст. Иттиҳодияи Аврупо рӯзи душанбе гуфт, ки таҳрими фурӯши силоҳ ба Сурияро охири моҳи май хотима медиҳад, вале ҳеҷ қароре барои фиристодани силоҳ ба шӯришиён дар он кишвар қабул накард. Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷии Русия гуфт, кишвараш аз лағви таҳримоти Иттиҳодияи Аврупо “маъюс” шудааст. Шӯрои Миллии Сурия, як гурӯҳи умдаи мухолифони давлат низ гуфтааст, ин амалкарди Иттиҳодияи Аврупо “дер ва камасар” аст.
XS
SM
MD
LG