Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як ҷавони тоҷик бо иттиҳоми қатли 4 нафар


Мақомоти интизомии Русия мегӯянд, як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми қатли 4 нафар, аз ҷумла се зани рус боздошт кардаанд. Кумитаи тафтишотии Русия имрӯз бо нашри хабаре гуфтааст, ки ҷасади чаҳор нафарро дар хонаҳои гуногун дар рустои Окуловка дар ноҳияи Демянский пайдо кардаанд ва дар бадани онҳо осори теғ мушоҳида мешуд. Доир ба сабабҳои ҷиноят чизе нагуфтаанд ва таҳқиқи парванда дар ин замина идома дорад.
XS
SM
MD
LG