Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба маъмурони ваксинзанӣ дар Покистон ҳамла карданд


Мақомоти Покистон мегӯянд, афроди мусаллаҳ дар канори шаҳри Пешовар як маъмури маъракаи ваксизанӣ алайҳи бемории фалаҷи атфолро куштаанд. Шаҳидуллоҳ, як мақоми пулиси Пешовар ба бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҳамла корманди дигари беҳдоштӣ захмӣ шудааст. Ҳамла ба ин маъмурон дар рӯзи аввали маъракаи серӯзаи ваксизанӣ дар ин минтақа сурат мегирад. Касе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Аз ин пеш дар моҳи декабри соли гузашта тундгароён дар Покистон 9 нафар аз маъмурони маъракаи ваксинзанӣ алайҳи фаҷали атфолро кушта буданд. Теъдоде аз тундравони Покистон, мухолифи ваксинзанӣ ҳастанд ва мегӯянд, ки ваксина ба кудакони мусулмон зарар мерасонад ва маъмурони беҳдоштӣ ҷосусони Амрико ҳастанд.
XS
SM
MD
LG