Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ ҷангҷӯи Толибро дар Афғонистон куштанд


Нерӯҳои ба раҳбарии НАТО дар Афғонистон рӯзи сешанбе гуфт, ки дар амалиётҳои муштарак бо сарбозони афғон дар вилояти гуногуни ин кишвар панҷ ҷангҷӯи Толибро куштаанд. Се нафари онҳо дар вилояти Бағлон ва ду тани дигарашон дар Кунар кушта шудаанд. Дар баёнияи расмӣ дар ин бора омадааст, ки як фармондеҳи Толибонро рӯзи душанбе дар вилояти Бағлон ва яке дигарро дар Пактиё боздошт карданд. Ҳамроҳ бо пешвои дуввум ҳафт толиби дигар дастгир шудаанд.
XS
SM
MD
LG