Пайвандҳои дастрасӣ

Вулқони Копаве дар Амрикои Лотинӣ бедор мешавад


Мақомоти Чили ва Аргентина амр додаанд, 3 ҳазор нафар аз сокинони маҳаллаҳои наздик ба вулқони Копаве хонаҳои худро тарк кунанд, зеро ин вулқон ба оташфишонӣ шурӯъ хоҳад кард. Бо боло омадани фавҷи бузурги дуд аз вулқони Копаве ҳарду кишвар аз дараҷаи баланди хатар аз ин оташфишон ҳушдор доданд. Вазири умури дохилии Чили гуфт, ба сокинони маҳалҳои то 25 километр наздик ба оташфишон ва ё 2200 нафар амр додаанд, ки маҳалли зисти худро тарк кунанд. Айни амрро 800 нафар аз сокинони Аргентина гирифтаанд. Ба гуфтаи мутахассисон, афзоиши таконҳо ва ихроҷи гази зиёд дар ҳафтаҳои гузашта аломатҳои бедор шудани вулқони Копаве аст.
XS
SM
MD
LG