Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Раҳмон ва Путин имрӯз сурат мегирад


Қарор аст, имрӯз дар шаҳри Бишкек, нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор шавад, ки Тоҷикистон ҳам узви он аст. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ба хотири ширкат дар ин нишаст ба шаҳри Бишкек ворид шудааст ва интизор меравад, бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон мулоқот кунад. Зоҳиран дар мулоқоти Раҳмон бо Путин, масъалаи тасвиби созишномаи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон баррасӣ мешавад, бо вуҷуди имзо ҳанӯз ҳукми иҷро нагирифтааст. Юрий Ушаков, дастёри Владимир Путин гуфт, дар нишасти сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, таҳаввулоти Афғонистон баъди тарки нерӯҳои хориҷӣ дар соли 2014 баррасӣ мешавад. Ба созмони мазкур, Тоҷикистону Русия, Арманистону Қирғизистон ва Қазоқистону Ҷумҳурии Белорус шомиланд.
XS
SM
MD
LG