Пайвандҳои дастрасӣ

Аврупо таҳрими силоҳ алайҳи Сурияро хотима медиҳад


Иттиҳодияи Аврупо таҳримоти фурӯши силоҳ ба Сурияро хотима дод, то роҳ барои мусаллаҳ кардани шӯришиёне боз шавад, ки алайҳи ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия меҷанганд. Вале айни замон Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё гуфт, Иттиҳодияи Аврупо ҳеҷ қароре дар бораи таъмини шӯришиёни Сурия бо силоҳ қабул накардааст. Таҳримоти манъи фурӯши силоҳ ба Сурия расман моҳи май хотима меёбад, вале кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо мувофиқат кардаанд, ки таҳримоти моливу иқтисодӣ алайҳи режими Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия барои як соли дигар тамдид шавад. Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё, гуфтааст, кишвараш ҳеҷ қасд надорад, ки билофосила ба Сурия силоҳ бифристад, вале дар сурати зарурат дар оянда сари ин масъала андеша хоҳад кард. Бритониёву Фаронса мехостанд, ки таҳрими фурӯши силоҳ алайҳи Русия хотима дода шавад, аммо Австрия ва аъзои дигари Иттиҳодияи Аврупо мухолиф буданд ва мегуфтанд, ки интиқоли силоҳ ба Сурия метавонад, боиси хунрезии бештар дар онҷо шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG