Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Ҳукумати оянда» ба Эътилофи ҳимоят аз Зайд Саидов пайваст


Созмони «Ҳукумати оянда» ба Эътилоф барои ҳифзи демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пуштибони аз Зайд Саидов пайваст. Иззат Амон, масъули Дафтари матбуоти Клуби машваратии «Ҳукумати оянда» рӯзи сешанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҷаласаи рӯзи 26-уми май, созмони онҳо ба Эътилофи пуштибон аз Зайд Саидов пайвастанд. Созмони «Ҳукумати оянда» марказаш дар Маскав дар баёнияи худ бо изҳори таассуф мегӯяд, ки пас эълони таъсиси ҳизби нав, собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов боздошт шуд ва аз тарафи мақомоти интизомӣ алайҳи вай айбнома эълон карда шудааст. Дар идомаи он омадааст: «Имрўз дар Тоҷикистон аз ҷониби фаъолони сиёсӣ ба хотири ҳимоят аз қазияи Зайд Саидов, як эътилоф таъсис шудааст ва ҳамкории «Ҳукумати оянда» бо он барои ҳалли мусбати қазияи Зайд Саидов кӯмак хоҳад расонид.»

Ин созмон таъкид мекунад, ки ба сарнавишти Зайд Саидов бетараф будан нодуруст аст, зеро беэътиноӣ ба ин масъала дар оянда «қазияҳои Саидовҳо»-ро бештар хоҳад кард. Иззат Амон намояндаи созмони «Ҳукумати оянда» мегӯяд, созмонҳои «Иттиҳоди тоҷикони Русия, маркази фарҳангии «Нур», «Созмони русиягии ЭТМОС», созмони «САМАНДАР» низ ҳамраъии худро ба эътилофи пуштибонӣ аз Зайд Саидов изҳор доштаанд.

Рӯзи 25-уми май бархе аҳзоб ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ниҳодеро бо номи Эътилоф барои ҳифзи демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис доданд, ки вазифаи аслии он ҳимоят аз Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик хоҳад буд. Ба ин хотир, дар чаҳорчӯби Эътилоф Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов ҳам ташкил шуд.
XS
SM
MD
LG