Пайвандҳои дастрасӣ

Пешниҳоди таъсиси "Шӯрои машваратӣ" ба ҷои "Шӯрои ҷамъиятӣ"


Ҳизби демократи Тоҷикистон фаъолияти "Шӯрои ҷамъиятӣ"-ро дар марҳилаи кунунии кишвар нокифоя арзёбӣ намуда, хостори таъсиси «Шӯрои машваратӣ дар назди президенти Тоҷикистон» шудааст.

Раҷаби Мирзо, сухангӯи Ҳизби демократи Тоҷикистон рӯзи 28-уми май ба «Озодӣ» гуфт, ки рӯзи душанбе ин ҳизб бо баргузории як нишаст фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, натиҷаи кори онро дар марҳилаи имрӯзи сиёсии кишвар нокифоя ва камранг хонд.

Ба ин муносибат Ҳизби демократии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот пешинҳод кардааст, ки ба ҷои Шӯрои ҷамъиятӣ як шӯрои дигари машваратӣ дар назди президент бояд таъсис ёбад, ки ба таҳаввулоти сиёсии кишвар вокуниши сареъ нишон диҳад.

Дар баёнияи Ҳизби демократии Тоҷикистон аз ҷумла омадааст, ки фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ дар гузашта муассир буд, вале баъдтар кори он ба ҷое расид, ки биёре аз аҳзобу созмонҳои муҳими сиёсии кишвар аз он хориҷ шуданд ва нуфузи он бисёр кам шудааст.

Раҷаби Мирзо

Раҷаби Мирзо

Раҷаби Мирзо мегӯяд: «Масалан ҳодисае, ки ба Зайд Саидов пеш омад ё бисёр ҳаводиси сиёсии дигар дар кишвар рух дод, аммо ин Шӯро хомӯш аст, вале агар "Шӯрои машваратӣ дар назди президенти Тоҷикистон" ба роҳ монда шавад, бо пеш омадани мушкиле, он ба таври сареъ ва ҷиддӣ вокуниш нишон дода, барои ҳалли он мусоидат хоҳад кард

Дар ҳамин ҳол Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳамчунин пешниҳодро борҳо ба ҳукумати кишвар иро кардаанд, вале аз ҷониби мақомот пуштибонӣ наёфт. Ҳизби наҳзати исломии Тоикистон пас аз интихоботи порлумони кишвар дар моҳи феврали соли 2010 фаъолияти худро дар Шӯрои ҷамъиятӣ боздошта буд. Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҲНИТ мегӯяд, ки агар пешниҳоди Ҳизби демократи Тоҷикистон воқеан пазируфта шавад, ин як амали нек дар фазои сиёсии кишвар хоҳад буд.

Шӯрои ҷамъиятӣ созмони иҷтимоиест, ки ҳанӯз соли 1994 таъсис ёфта, дар он беш аз 70 созмони сиёсиву иҷтимоиву фарҳангӣ, аз ҷумла аҳзоби сиёсии расмии кишвар шомил ҳастанд. Раиси Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст. Ин ягона ниҳоде арзёбӣ мешуд, ки дар доираи он тамоми аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ гирди ҳам омада, доир ба масоили ҷомеа ибрози назару тадбир мекарданд.

Аммо тайи чанд соли ахир бархе аз аҳзоби бонуфузи кишвар аз ҳайати он расман хориҷ шуданд ва Шӯрои ҷамъиятиро як ниҳоди камтаъсир дар ҳаёти ҷомеа номиданд. Дар қатори ихроҷшудагон, Ҳизби Наҳзати Исломӣ, Ҳизби демократ ва Ҳизби сотсиал деморкати Тоҷикистон мебошанд. Аҳзоби сиёсӣ сабаби аслии хориҷ шудани худро аз Шӯро, дар тақаллуб ва ғайримунсифона сурат гирифтани интихоботҳои раёсатиҷумҳурӣ ва парлумонии кишвар шарҳ дода буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG