Пайвандҳои дастрасӣ

Заррина Бадалова, ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмуди Воҳид мегӯяд, ба касе издивоҷ хоҳад кард, ки монеъи кори ӯ дар театр нашавад.

Дар Ҷашнвораи театрии «Нигоҳи нав», ки аз 16 то 22 май дар Душанбе баргузор шуд, Заррина Бадалова се ҷоиза ба даст овард: Ҷоиза барои беҳтарин нақши занона, ҷоизаи махсуси ҳакамон барои беҳтарин этюди коргардонӣ ва ҷоизаи вижаи шоу-гурӯҳи «Айнурим-Жастар»-и Ҷумҳурии Қазоқистон ба маблағи 2000 доллар.


Заррина Бадалова 14 феврали соли 1988 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 2012 факултаи актёри драма ва кинои Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардаст. Ҳоло ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов. Дар саҳнаи театр беш аз даҳ нақш офаридааст. Ҳамчун коргардон намоишномаи «Замоне барои ишқ…» - ро ба саҳна гузоштааст.
Ба ақидаи ҳунаршиносон, ин ҷашнвора як саҳнаи дурахши истеъдоди Заррина буд ва ҳама аз ӯ сухан мегуфтанд. Мо низ табрикаш кардем ва дар гуфтугӯе хостем, роҳи ӯро то ба ин қулла баррасӣ кунем.

Якбора се сюрприз

Озодӣ: Оё Шумо интизор будед, ки чунин ҷоизаҳо насибатон мегардад?

Заррина Бадалова:
Ростӣ, не. Ман ҳаргиз дар зиндагӣ ҷоизаеро интизор нестам, аммо ин ҷоизаҳо бароям як сюрпризи фаромӯшнопазир буд. Ҳунарпешаҳои зиёде ҳастанд, ки синну солашон ба ҷое мерасад, аммо сазовори чунин ҷоиза намешаванд. То ҳол мутаассирам.





Озодӣ: Ҳангоми гирифтани ҷоиза ашки худро дошта наметавонистед…

Заррина Бадалова:
Ин аз хурсандӣ буд. Дар монитор медидам, ки барои дарёфти нақши беҳтарини занона ду нафар пешниҳод шудаем. Чун маро ғолиб эълон карданд, тамоми баданам меларзид. Намедонам, чӣ гуна то саҳна рафтам, чӣ гуна дар он ҷойнамози ҳунармандон саҷда кардам. Ҷоизаи ман натиҷаи меҳнати устодонам аст.

Озодӣ: Намоиши таҳиякардаи шумо ба дарёфти Шоҳҷоиза пешниҳод шуда буд, вале нагирифтед. Аз ин рӯҳафтода нашудед?

Заррина Бадалова:
Не, нашудам. Ҳангоми баррасӣ намоиши маро мунаққидон танқид мекарданд. Бо вуҷуди ин ба Шоҳҷоиза пешниҳод карданд. Ин худаш ҷоиза аст, ки Малика Ҷӯрабекова, Саъдулло Раҳимов барин санъатшиносон ба ҳунари мо баҳо доданд.

Озодӣ: Шумо пештар ҳам дар ҷашнвораҳо ширкат доштед?

Заррина Бадалова: Ман дар ҷашнвораи қиссагӯии ба номи Ҷалолиддини Румии Норвегия баъди ғолибият дар Тоҷикистон ширкат варзида будам. Баъдан дар ҷашнвораҳои театрӣ дар Русия, Украина, Эрон ширкат доштам, аммо то ҳанӯз соҳиби ҷоиза нашуда будам.

Озодӣ: Ба фикри шумо, ҷашнвораи «Нигоҳи нав» чӣ гуна буд?

Заррина Бадалова:
Ду ҷавон - Шоҳҷамшед Умари Раззоқзода ва Далери Эмомалӣ - тавонистанд воқеан нигоҳи навро дар театри тоҷик пешниҳод кунанд. Ҳатто маросими ифтитоҳу ҷамъбасти ҷашнвора бо ҳисоби 10-0 ба «Парасту» бартарӣ дошт. Дар ҳамаи намоишҳо кӯшиш мешуд, воқеан «нигоҳи нав» созанд. Ҳам дар бозӣ, ҳам дар ороиши саҳна ва ҳам дар либос.

Тамошобинро намоишномаҳои суст мегурезонад

Озодӣ: Коргардонҳои ҷавон ба драматургияи муосири миллӣ рӯй меоранд? Онҳоро қонеъ месозад?

Заррина Бадалова:
Бадбахтона, имрӯз драматургони тоҷик каманд. Мехоҳам театр мисли зиндагӣ самимӣ бошад. Зиндагии имрӯзаро дар саҳна нишон дода тавонем. Драматургияи имрӯз ба дарди ҷавонон намехӯрад.

Озодӣ: Аммо ҳунарпешаҳои ҷавон метавонанд ҷомеаро, ки аз театр дур мондааст, ба он ҷалб кунанд?

Заррина Бадалова:
Ман бовар дорам, ки мо, ҷавонҳо ин корро карда метавонем. Ҳоло дар театрҳо намоишҳое ҳастанд, ки тамошогаронро мегурезонанд. Намоишҳо сустанд. Маъно як тараф мемонад, бозӣ - тарафи дигар ва ороиши саҳна - тамоман тарафи дигар. Бояд чунин набошад. Коргардонҳо андеша кунанд, ки ҷомеаи имрӯз чӣ мехоҳад? Ҷавононе, ки ба дидани намоишҳои ҷашнвораи «Нигоҳи нав» омада буданд, мегуфтанд, чаро дар ин ҷо намоишҳое буданд, ки мо мехостем тамошо кунем, аммо дар театрҳои касбӣ чунин намоишҳо нестанд. Аз рӯи талаботи озмун ҷавонони то 30-сола асарҳояшонро пешниҳод карданд. Мо вазифадорем, ки ҷавононро ба театр ҷалб кунем. Дар байни ҷавонон бачаҳои боистеъдод зиёданд.

Озодӣ: Аслан, дар ҷомеа ба ҷавонон назари бештар интиқодӣ доранд, бовар намекунанд ба кори онҳо…

Заррина Бадалова:
Аз як тараф, чунин ақидаҳо дурустанд. Танҳо ҳунар доштан кам аст. Ҳунарро бояд бо ғизои маънавӣ пур кард. Мутаассифона, ҷавонон китоб намехонанд. Нафаре, ки китоб мехонад, ҳам ҳангоми сӯҳбат, ҳам дар саҳна медурахшад.

Ду дафъа мехостам тарки театр кунам

Озодӣ: Шумо бовар доред, ки бо вуҷуди пеш омадани монеаву мушкилот театрро тарк намегӯед?

Заррина Бадалова: Ин ҷо баъзе сирҳо ҳаст… Ростӣ, ду бор мехостам театрро тарк гӯям. Ин, албатта, масоили шахсист. Ҳолатҳое буд, ки шикаста шудам ва гуфтам, «агар театраш ҳамин бошад, бас, ман меравам.» Ба хона мерафтаму ашк мерехтам. Модарам ҳунарпеша нест, як зани оддист, дар бозор кор мекунад. Аммо ӯ мегуфт, «худат ин касбро интихоб кардӣ, ман садди роҳат шуда будам. Ҳамеша туро чунин тарбия мекардам, ки шикаста шаву аммо нарез. Исбот кун, ки ҳунар дорӣ ва туро шикаста наметавонанд». Имрӯз назди худ мақсад гузоштаам, ки агар бо мушкилоти аз ин ҳам сахттар рӯ ба рӯ оям, аз театр намеравам.

Озодӣ: Агар махфӣ набошад, шумо чӣ қадар маош мегиред?

Заррина Бадалова:
Махфӣ нест, 500 сомонӣ мегирам.

Озодӣ: Барои ҳунарпешаҳои ҷавон аз ҷониби театр ягон дастгирӣ эҳсос мешавад?

Заррина Бадалова:
Ҳам ҳа, ҳам не. Баъзан мушкиламонро мегӯем, иҷро карда наметавонанд. Агар тавонанд ҳам, намекунанд. Баъзан дастгирӣ мекунанд.

Хостгорҳо доштам, аммо...

Озодӣ: Ояндаи худро чӣ гуна тасаввур мекунед? Ба фикри шумо оё ҷавонони тоҷик мехоҳанд бо ҳунарпешаи театр издивоҷ кунанд?

Заррина Бадалова: (Механдад)
Ман хостгорҳо доштам. Як ҷавон аз Донишгоҳи миллӣ омада буд. Гуфт: «Ту ба ман писанд омадӣ, мехоҳам ҳамсари ояндаам бошӣ». Ман гуфтам, «медонӣ, ки ман дар театр кор мекунам»? Гуфт: «Медонам». Гуфтам, «медонӣ, ки ман театрро чӣ қадар театрро дӯст медорам»? Гуфт, «не». Ман гуфтам, «агар маро гирифтанӣ бошӣ, бидон ки ман театрро тарк намегӯям». Гуфт, «ин тавр бошад, ман бо ту издивоҷ намекунам». Ду нафаре буданд, ки вақте гуфтам, ман театрро интихоб мекунам, маро рад карданд.

Озодӣ: Яъне, ҷиддан чунин тасмим доред? Агар ҳамсари ояндаатон гӯяд, ки ё ман ё театр, шумо театрро интихоб мекунед?

Заррина Бадалова:
Имрӯз барои ман театр ҳамсар аст, фарзанд аст. Ман дар ин ҷо худро ҳам зан ҳис мекунам, ҳам модар. Ман аллакай нақши модар ва ҳамсарро дар саҳна бозӣ кардам. Бароям ҳамин кифоя аст.

Озодӣ: Агар мавридаш ояд, чӣ гуна шахсро интихоб мекунед?

Заррина Бадалова:
Мехоҳам дар зиндагиам нафаре пайдо шавад, ки театрро ҳамроҳи ман интихоб кунад. Театрро ҳамроҳи ман дӯст дорад. Театрро фаҳш набинад. Мардуми мо театрро фаҳш мебинанд. Хушбахтона, чунин нигоҳи бад ба театр ҳоло камтар шудааст.

Озодӣ: Агар марди хеле сарватманд бошад?

Заррина Бадалова:
Сарватмандон ҳам буданд, камбизоатон ҳам. Инашро ҳам рад кардам, онашро ҳам. Ман мардро ҳамчун ҷавонмард қабул мекунам. Ман ба сарвату мошину қасри ӯ нигоҳ намекунам. Бояд инсони хуб бошад, падари хуб, шавҳари хуб шуда тавонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG