Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қаюм Карзай, бародари калонии раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай, гуфтааст, дар бораи ширкаташ дар интихоботи президентии соли оянда ба зудӣ тасмим хоҳад гирифт.

Маҳмуд Карзай, бародари хурдии раисиҷумҳури феълӣ, бо эълони омодагии Қаюм ба ин иқдом гуфт, номзадии ӯро ҳизби Ҷумбиши Ҳимоят аз Мардум, ки асосан аз паштунҳо иборат аст, пуштибонӣ хоҳад кард. Ин ҳизб бо раисиҷумҳури феълӣ рабт надорад ва ҳанӯз маълум нест, Ҳомид Карзай аз ин тарҳ ҳимоят хоҳад кард ё не. Маҳмуд Карзай гуфт: "Ҳоло каме зуд аст. Ҳеҷ кас номзадии худро эълон накардааст. Мумкин Қаюм дар оянда эълон кунад. Вай ҳоло бо пирони қавм, раҳбарони рӯҳонӣ, сиёсатмадорони дигар машварат дорад ва, умедворам, ба зудӣ тасмими худро хоҳад гирифт."


Омодагии Қаюм Карзай ба интихобот дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки дар Афғонистон маъракаи сабти номи интихобкунандагон оғоз ёфтааст. Интизор меравад, имсол ба феҳрасти 16 миллион раъйъдиҳанда номи боз 4 миллион нафари дигар изофа хоҳад гашт, ки дар соли оянда аввалин бор соҳиби ҳаққи раъй мешаванд. Ва ҳам қонуни асосии Афғонистон ба раисиҷумҳури феълӣ, Ҳомид Карзай иҷоза намедиҳад, барои даври савуми раёсатҷумҳурӣ вориди сабқат гардад. Қарор аст, раъйдиҳӣ дар интихоби президенти нави кишвар рӯзи 5-уми апрели соли оянда баргузор шавад.

Коршиносони сиёсӣ дар Кобул мегӯянд, дар ниҳояти амр раисиҷумҳури феълӣ аз ин иқдом ҳимоят хоҳад кард, зеро он барояш замонат хоҳад дод, ки иштибоҳҳои идории ӯ мавриди таҳқиқи ҷиноӣ қарор нагиранд.

Аҳмад Сайёдӣ, таҳлилгари мустақил ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст: “Президент Карзай мехоҳад, касе вориси курсии ӯ шавад, ки фаъолияти худашро дар замони раёсатҷумҳурияш бознигарӣ накунад ва шубҳае нест, ки барои ин аз номзадии бародари худ ҳимоят хоҳад кард.”

Аммо бархе аз коршиносони дигар бар инанд, ки эълони Қаюм Карзай бе ҳимояти ҳамзамони раисиҷумҳури феълӣ метавонад баёнгари ихтилофоте дар дохили оила бошад. Дар ду даври раёсатҷумҳурияш муносибати раҳбари феълӣ бо хешони наздики худ ноҳамвор буд.

Ҳафтаи гузашта Маҳмуд Карзай дар ҷамъомади пуриздиҳоме дар зодгоҳи хонадони Карзайҳо дар Қандаҳор гуфт, агар Қаюм дар интихобот пирӯз гардад, масъалаи аввалиндараҷи ӯ мубориза бо фасод хоҳад буд: “Агар Қаюм ба сари қудрат ояд, мо масъалаи фасодро хеле ҷиддӣ хоҳем гирифт. Ин чизест, ки моро дар тамоми ҷаҳон шарманда кард.”

Вай ба он ишора намуд, ки дар зиёда аз даҳ соли ҷанги Афғонистон миллиардҳо доллари ёриҳои байнулмилалӣ ба ин кишвар рабуда шудаанд.

Дафтари Созмони Милал дар умури мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ моҳи январи соли равон гуфт, фасоду ришват солона 2,5 миллиард доллари Афғонистонро аз байн мебаранд, ки ба чоряки даромади нохолиси миллии ин кишвар баробар аст.

Талошҳои бозсозии иқтисоди Афғонистон ва коҳиши фақр дар ин кишвар асосан ба ёриҳои байнулмилалӣ такия доранд ва кишвару созмонҳои мададрасон гуфтаанд, аз бими мақомоти фасодзадаи Афғонистон намехоҳанд, ин сармоя ба воситаи давлат корбаст гардад.

Ато Муҳаммади Нур, волии қудратманди Балх, аз дигар номзадҳои эҳтимолии интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон аст.

Ато Муҳаммади Нур, волии қудратманди Балх, аз дигар номзадҳои эҳтимолии интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон аст.

Маҳмуд Карзай, ки барои вуруд ба саҳнаи сиёсӣ аввали имсол аз шаҳрвандии Иёлоти Муттаҳида даст кашид, дар даврае саҳҳоми асосии “Кобул Бонк” буд, ки 900 миллион доллари он дуздида шуд. Бар асари ин бонк дар соли 2010 варшикаста шуд, аммо Маҳмуд бино бар амри раисиҷумҳур дар бораи афви онҳое, ки маблағҳоро бармегардонанд, аз ҳабс эмин монд. Вай мегӯяд, гуноҳе накардааст ва 22 миллион долларро бозгардонд.

Эътимод ба интихоботи президентии соли оянда барои суботу амнияти Афғонистон аҳамияти ҳалкунанда дорад. Паймон Атлантики Шимолӣ қарор аст, то поёни соли 2014 нерӯҳояшро аз Афғонистон берун барад.

Бо вуҷуди эълоне, ки аз ҷониби Маҳмуд Карзай садо дод, худи Қаюм ҳанӯз шахсан номзадии худро эълон накардааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, волии Балх, намояндаи саршиноси тоҷикони Афғонистон Ато Муҳаммади Нур ва сафири пешини Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон Залмай Халилзод низ номзади интихоботи президентии Афғонистон хоҳанд шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG